Маркази матбуоти вазорати тиҷорати Туркия аз коҳиши 84 миллиондолларии гардиши молӣ бо Тоҷикистон дар 10 моҳи соли 2019 хабар дод.
Тибқи гузориши Маркази матбуоти вазорати тиҷорати Туркия дар моҳи октябри соли ҷорӣ содироти маҳсулоти Туркия ба Тоҷикистон 10 миллиону 725 ҳазор доллар ва воридоти колоҳои тоҷикӣ ба ин кишвар 6 миллиону 204 ҳазор долларро ташкил дода, ки дар муқоиса бо соли гузашта 8 миллиону 196 ҳазор доллар коҳиш ёфтааст.
Гардиши молӣ миёни ду кишвар дар моҳҳои январ то октябри соли 2019 низ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2018 ба арзиши 84 милиону 294 ҳазор доллар коҳиш ёфта, ба 228 миллиону 878 ҳазор доллар баровард шудааст. Аз моҳи январ то октябри соли ҷорӣ Туркия ба Тоҷикистон бо арзиши 119 миллиону 955 ҳазор доллар маҳсулот содир намуда, аз Тоҷикистон ба арзиши 108 миллиону 923 ҳазор доллар коло ворид кардааст.