Ҳукм нисбати собиқ президенти Қирғизистон аз рӯйи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани “дузди қонунӣ” Азиз Батукаев содир шуд.
Додгоҳи ноҳияи Первомайскии Бишкек собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро барои даст доштан дар коррупсия зимни озод кардани ҷинояткори маъруф Азиз Буткаев ба 11 солу 2 моҳи зиндон маҳкум кард. Дар ин бора рӯзи сешанбе хабаргузории иттилоъ медиҳад.
Дар қироати додрас шунида шуд, ки “додгоҳ Отамбоевро гунаҳкор эътироф намуда, қарор кард, ки ба ӯ ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 2 моҳ бо мусодираи мукофотҳои давлатӣ ва амвол таъин карда шавад”.
Мурофиаи додгоҳӣ пушти дарҳои пӯшида баргузор шуд.
Ба гуфтаи адвокат Сергей Слесарёв, зерҳимояи ӯ Отамбоев сухани ниҳоӣ карданро дар додгоҳ рад карда, ҳамаи иштирокчиёни парванда, ки дар бораи ҳамкорӣ созишнома бастаанд, ба гуноҳашон иқрор нашудаанд.
Адвокат хабар додааст, ки суд қаблан аз айбдоркунандаи давлатӣ дархост намудааст, ки амволи Отамбоев, ҳамаи хешовнадонӣ ӯ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ мусодира карда шавад.
Аввали моҳи августи соли 2019 дар Кой-Тош дастаи таъиноти махсуси КДАМ зимни ҳамла собиқ президент Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро боздошт намуд. Ҷонибдорони ӯ кӯшиш карданд, ки дар маркази Бишкек гирдиҳамойӣ ва бетартибиҳо барпо кунанд.
Аммо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муяссар шуд, ки вазъиятро зери назорат нигоҳ доранд. Ӯ . Рӯзи 9 август ба собиқ президент аз рӯйи парвандаи озод кардани Батукаев айбнома пешниҳод шуд.