Рубрики Хабарҳо

Фиқҳуссира: Ҷоҳилият ва ҳанафият (2)

Гурӯҳи чунин гуфтан хушашон омад, ки Муҳаммад (с) вақте аз нест кардани аксари урфу одат ва ойину боварҳои ғайбии миёни арабҳо ҷорӣ буда оҷиз шуд, ба онҳо ҷомаи динӣ пӯшонид ва онҳоро чун фармудаҳои илоҳӣ содир кард. Ба ибораи дигар, Муҳаммад (с) омад, то ба маҷмӯаи ақоиди ғайбие, ки миёни арабҳо то ин дам ҷорӣ буд, назорати болоиро илова кунад. Асоси ин назорат аз ҷониби худоест, ки ба ҳама кор қодир асту кори хостаашро анҷом медиҳад. Арабҳо баъди Ислом ҳам ба имони худ ба сеҳру ҷин ва амсоли он ва дигар ақидаҳои ғайбии худ идома доданд, чунон ки онҳо аз ибодатҳои доштаи худ монанди тавофи Каъба, муқаддас донистани он, адои аркони ҳаҷ ва маросимҳои муайян даст накашиданд.

Ин гурӯҳ ашхос дар ин даъвояшон ба ду фарзия такя мекунанд, ки ҳеҷ намехоҳанд хато будани онро тасаввур намоянд. Фарзияи якум ин аст, ки Муҳаммад (с)-ро паёмбар намеҳисобиданд. Дуюм ин аст, ки осори иброҳимиро, ки пештар қайд карда будем, инкор карда буданд. Ба хаёли онҳо ҳар он урфе, ки миёнашон буд, бешак, он аз ихтироот ва расму одатҳояшон аст, ки онро аз пеши худ бо мурури замон бофтаанд. Эҳтироми Каъба ва бузургдории онро, ки миёнашон дида мешуд, аз ҷумлаи осори даъвати Абуланбиё Иброҳим (а) намепиндоштанд. Балки онро аз ҷумлаи расму одати бофтаи арабӣ меҳисобиданд.

Ба хотири муҳофизати ин ду фарзия, ки мабодо ба онҳо доғе ва айбе расад, ин хоҷагон аз ҳама далелҳои равшану воқеаҳои бузурги таърихӣ, ки пеши роҳи он фарзияҳо меистанд, ё онҳоро рад карда, дурӯғу беасос будани онҳоро кашф менамоянд, чашм пӯшида буданд. 

Модоме ки мақсудамон танҳо ҳақиқат аст, модоме ки намехоҳем ба худамон ва ба мардум дурӯғ гӯем, ба эътибор гирифтани ҳар як далели ақлӣ ва ҳодисаи таърихиро ногузир медонем. Ба ҳеҷ ваҷҳ мо ҳақ надорем, ки андешаи худро аз далелҳои мухталифи нубуввати Муҳаммад (с), мисли падидаи ваҳй, мӯъҷизаи Қуръон, масъалаи мутобиқати даъвати эшон бо даъвати паёмбарони пешин ва маҷмӯаи сифоту ахлоқашон, пӯшида дорем. 

Ҳамчунин наметавонем фикри худро пӯшида дорем аз таърихе, ки Каъбаро бо фармон ва ваҳйи Худо бино кардани Иброҳим мегӯяд, аз маҷмӯаи ҳақоиқе, ки паёмбарон паиҳам ба он даъват кардаанд, мисли тавҳиди Худо, имон ба Ӯ ва дигар ғайбияҳои муталлиқ ба ҳашру ҷазо, ҷаннату дӯзах, ки китобҳои гузаштаи осмонӣ ҳама онро зикр карда, аз тарафи таърих тасдиқ шудаасту замонаву наслҳо онро азбар кардаанд. 

Ашхосе, ки рисолати Муҳаммад ва осори иброҳимиро инкор кардаанд, барои инкорашон далел ё бурҳоне пешниҳод намекунанд. Балки корашон танҳо тарҳи ин тасаввур ва бо ибораҳои ёзандаву такрорӣ нашр кардани он асту бас.

Шояд шумо аз ман барои гуфтаҳоям мисоле талаб кунед. Марҳамат, китоби “Бинятулфикриддинӣ”-и шарқшиноси англиси маъруф Гибро хонед, баъд хоҳед дид, ки асабияти кӯр-кӯрона бо ин мардум чӣ кардааст. Он асабияте, ки соҳибашро водор ба он кардааст, ки ҳатто аз каромати хеш даст кашаду дар муқобили далелҳои қавӣ ва ҳақиқатҳои равшан худро ба аблаҳӣ занад, то пеши ҳақиқат сар хам накунад.

Бунёди фикри исломӣ аз назари Гиб ҳамон ақоид ва афкоре мебошад, ки арабҳо доштанд. Муҳаммад (с) оид ба онҳо андеша карду он чӣ имкони тағйир доданаш буд, тағйир дод. Сипас, ба он қисмате, ки имкони халос шудан аз онро наёфта буд, рӯй оварда, ба он либоси динӣ пӯшонид. Баъд аз ин, фаромӯш накард, ки онро бо маҷмӯае аз афкор ва мавқеъҳои муносиби динӣ мустаҳкам намояд. Ӯ мехоҳад, ин рӯзгори диниро на танҳо барои арабҳо балки барои тамоми халқу миллатҳо бунёд кунад. Аз ин рӯ, ҳаётро зимни барномаи Қуръон бунёд гузошт.

Ин аст хулосаи афкори ӯ дар китобаш. Китобро аз аввал то ба охир мехонеду ҷойе намебинед, ки ба ин гуфтаҳояш бароятон далеле оварда бошад. Дар бораи он чӣ пешкаш мекунад, тааммул мекунеду ба натиҷае мерасед, ки ин шахс бидуни нирӯи ақлонӣ китобро навиштааст. Ӯ танҳо аз гумону хаёлҳои зоянда истифода кардааст.

Чунин ба назар мерасад, ки ӯ вақте барои навиштани муқаддима ба тарҷумаи арабии он нишастааст, тасаввур кардааст, ки хонандагон андешаҳояшро нисбат ба Ислом бо накӯҳиш рад хоҳанд кард. Аз ин рӯ, пешакӣ ба узрхоҳӣ пардохтааст… !

Ӯ ба узрхоҳӣ пардохта чунин мегӯяд: “Он андешаҳое, ки бар асоси он фаслҳои ин китобро иншо кардаам, зодаи димоғи ин муаллиф набуда, балки аз ман пеш гурӯҳе аз муфаккирон ва саромадони мусулмон онро ироа кардаанду ба ман роҳ кушодаанд. Шумори адади онон зиёд буда, ба зикри нафаре аз эшон иктифо мекунам. Ӯ олими бузург Шоҳ Валиюллоҳ Деҳлавӣ мебошад”.

Баъд порае аз Шоҳ Валиюллоҳ Деҳлавӣ нақл карда, онро ба ҷузъи якум ва саҳифаи 122-юми китоби “Ҳуҷҷатуллоҳи-л-болиға” нисбат медиҳад. Зоҳиран, ӯ осуда буд, ки касе аз хонандагон ба муроҷиат ба ин китоб ва санҷидани матни аслии он худашро заҳмат намедиҳад. Аз ин рӯ, аз забони муаллиф ҳар қадаре дилаш хост, ҷойи хостаашро таҳриф мекунад. Ҳамин тавр, ба гардани муаллиф ҷурмеро бор мекунад, ки ӯ накарда ва аз забонаш суханеро мегӯяд, ки ӯ нагуфтаву аз он безор аст.

Порае, ки ӯ аз матни аслӣ баъди коркард берун кардааст, чунин аст: “Паёмбар (с) таври зуҳури дигар паёмбарон зуҳур карданд. Зуҳури нахустин зуҳури Банӣ Исмоил буд… Моддаи шариаташон он маросиму ойинҳои бандагӣ ва ашколи ибодат ба шумор мерафт. Зеро шариат бешак, ислоҳи он чӣ буд, ки онҳо доштанд, на таклифи онҳо ба он чӣ аслан онро медонистанд.”.

Вале пораи комиле, ки дар китоби “Ҳуҷҷаттуллоҳи-л-болиға” бо шумули он ибораҳое, ки ӯ баҳри табдили маъно канда буд, чунин аст: “Дониста бошед, ки Паёмбар (с) бо дини поки исмоилӣ фиристода шуданд, то каҷии онро рост созанд ва таҳрифи онро бартараф ва нурашро фурӯзон намоянд. Дар ин бора Худо мегӯяд: ”Дини падаратон Иброҳим”. Модоме ки масъала чунин аст, бояд усули он дин мусаллам ва равиши он муқаррар бошад. Зеро Паёмбар (с) вақте ба қавме, ки дар онҳо осори суннати ростин буд, зуҳур карданд, тағйиру табдили он маъно надошт. Балки исботи он воҷиб буд. Чунки он ба нафсашон созгор ва ҳини далел овардан барояшон осонтар аст. Онҳо фарзандони Исмоил буданд, ки роҳи падарашон Исмоилро ба ҳамдигар мерос додаанд. То замони пайдоиши Амр ибни Луҳай онҳо бар ҳамин шариат, яъне дини Иброҳим (а) буданд. Амр ибни Луҳай бо раъйи косиди худ ба дини пок чизҳое илова намуду худ гумроҳ шуд ва дигаронро низ гумроҳ кард. Ӯ парастиши бутҳоро ҷорӣ намуд. Танҳо ҳамин дам дин вайрон шуду дурусту нодуруст ба ҳам омехта гардид. Акнун ҷаҳлу ширк ва куфр бар эшон пирӯз шуд. Сипас, Худованд Муҳаммад (с)-ро ҳамчун ислоҳгар барои фасодашон фиристод. Он ҳазрат (с) ба шариати онҳо нигаристанду аз он ҳар чӣ ба роҳи Исмоил ва маросимҳои Худо мувофиқ буд, гузоштанд ва он чӣ таҳриф шудаву ба фасодӣ рафта буд, ё маросими ширку куфр буд, онро бекор карданд ва ба бекории он ҳукм намуданд”.

Амали ин гуна муҳаққиқ ва таҳрифоти ӯ ба хонанда меомӯзад, ки асабияти кӯр-кӯрона ба соҳибаш то чӣ ҳад таъсир мекунад. Инчунин мехоҳем, ки хонанда аз ҳақиқати он услуби таҳқиқ, ки олимони Ғарб доранду оби даҳони бархе аз он меравад, бохабар гардад. Баъдан, бинад, ки баъзеи мусулмонони моро низ тақлиди кӯр-кӯронаи гумроҳона ба куҷо мебарад?

Баъд аз ин ҳама, шумо ҳақиқати алоқаи Исломро бо фикри ҷоҳилӣ, ки пеш аз зуҳури Ислом миёни арабҳо роиҷ буд, ба хубӣ фаҳмидед. Чи тавре ки иртиботи асри ҷоҳилиро бо дини иброҳимӣ, ки онро Иброҳим (а) оварда буданд, ба хубӣ дарк намудед.

Аз ин ба шумо маълум мешавад, ки чаро Паёмбар (с) бисёре аз одат ва асосҳое, ки миёни арабҳо роиҷ буд, гузоштанд. Дар ҳоле ки бархе аз онро бекор намудаву бо ҳар роҳу восита барои нест кардани он талош карданд.

Бо ҳамин муқаддимаи китоби “Фиқҳуссира”, ки пеш аз омӯзиши ҷавҳари таърихи Паёмбар (с) натиҷабардорӣ аз он зарур буд, ба поён расид.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *