Муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон Генерал-майор Саидамир Розиқзода, рӯзи 4 июл дар сини 64-солагӣ даргузашт. Наздиконаш сабаби марги ӯро гирифторӣ ба КОВИД-19 медонанд. Мақомот дар бораи сабабҳои марги ӯ то ба ҳол расман иттилое надодаанд.
Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ бо истинод ба Нусратшоҳ Ҳусейнзода, яке аз шогирдони Саидамир Розиқзода «генерал-майор Саидамир Розиқзода тайи ду ҳафта дар Беморхонаи сироятӣ воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бистарӣ буд ва бегоҳии дирӯз аз бемории коронавирус даргузашт».
Маросими ҷанозаи Саидамир Розиқзода имруз, душанбеи 5-уми июл дар ноҳияи Кӯшониён (Бохтари собиқ) баргузор мешавад. Саидамир Розиқзода дар гузашта дар вазорати дифои Тоҷикистон фаъолият намуда, солҳои ахир бознишаста буд.
Хабарҳо аз фавти чеҳраҳои шинохта бар асари бемории COVID-19 дар ду ҳафтаи ахир бештар расонаӣ мешавад. Фарида Мансурова, аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохтаест, ки сабаби маргашро гирифторӣ ба COVID-19 медонанд. Рӯзи 1-уми июл Убайдулло Раҷабов, ҳаҷвнигори шинохта низ бо чунин нишонаҳо даргузашт.
Баъди панҷ моҳи ба гуфтаи мақомот орӣ будани Тоҷикистон аз COVID-19, Вазорати тандурустӣ рӯзи 21-уми июн аз хуруҷи дубораи беморӣ дар кишвар хабар дод.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ санаи 4 июл 28 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Ба иттилои ин ниҳод, то ҳол дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазору 597 нафар гирифтори COVID-19 шуда, аз ин 93 нафар фавтидаанд. Оморе, ки на ҳама ба он бовар доранд.