Вазири хориҷаи Олмон такрори таҳдидҳои Владимир Путин дар бораи истифодаи эҳтимолӣ аз силоҳи атомиро ғайри масъулона ва боҷхоҳӣ хонд. Раиси Созмони CIA ҳам мегӯяд дар шароити кунунӣ мушкил аст дарк кард Путин лоф мезанад ё на.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар рӯзҳои гузашта чанд бор бо ишора ба илҳоқи чаҳор минтақаи ишғолии Укроин гуфта буд Маскав барои дифоъ аз тамомияти арзӣ ва мардуми худ аз ҳар имконе истифода мекунад.
Ин изҳорот таҳдиде мабнӣ бар истифодаи эҳтимолии Русия аз силоҳи атомӣ таъбир шуда ва кишварҳои ғарбӣ ба он вокунишҳои тунде нишон додаанд.
Вазири хориҷаи давлати федерали Олмон рӯзи сешанбе, чаҳоруми октябр дар ҷараёни боздид аз Лаҳистон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт ин нахустин бор нест, ки Путин таҳдид ба истифода аз силоҳи атомӣ мекунад ва ин кори ғайримасъулона аст.
Бинобар гузоришҳо, Анналена Барбок гуфта мо бояд ин таҳдидро ҷиддӣ бигирем ҳамон тавр, ки ҳамаи чизро ҷиддӣ мегирем аммо ин таҳдид дар айни ҳол иқдоме боҷхоҳона аст.
Путин рӯзи ҷумъа, 30 сентябр дар маросиме илҳоқи чаҳор минтақаи Укроино ба федератсияи Русияро ба таври расмӣ эълом кард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин корро ба унвони иқдоме ғайриқонунӣ ва ноқизи қавонини байналмилалӣ маҳкум кардааст.
Вокуниши Русия ба аз даст додани бархе манотиқи ишғолӣ
Чаҳор минтақае, ки ба Русия илҳоқ шуда дар ҷануб ва шарқи Укроин воқеъ шуда ва бахши бузурге аз онҳо дар ишғоли низомиёни русӣ ва ҷудоиталабони мавриди ҳимояти Маскав қарор дорад.
Бисёре аз нозирон илҳоқи шитобзадаи манотиқи ишғолиро нишонаи заъф ва вокунишии Маскав ба муваффақиятҳои рӯзафзуни нерӯҳои укроинӣ дар озодсозии бархе аз шаҳрҳои стратегии ишғолшуда арзёбӣ мекунанд.
Вазири хориҷаи Олмон мегӯяд бо таваҷҷуҳ ба талоши Маскав барои боҷ гирифтан аз Ғарб, ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд иҷоза диҳад таҳдидҳои Путин иродаашро тазъиф кунад.
Силоҳҳои атомии русӣ дар роҳи Укроин?
Анналена Барбек дар посух ба пурсише дар бораи овозаи эъзоми корвоне аз силоҳҳои атомии Русия ба Укроин таъкид кард, ки моил нест дар бораи ин масъала гумонзанӣ кунад.
Ӯ дар айни ҳол таъкид карда, ки Олмон аз замони шурӯъи таҷовузи низомии Русия ба Укроин дар 24 феврали имсол доиман дар ҳоли табодули иттилоот ва ёфтаҳо бо муттаҳидонаш дар бораи таҳарруки нерӯҳои русӣ аст.
Чанд рӯз пеш нерӯҳои укроинӣ муваффақ шуданд шаҳри стратегии Лимон дар минтақаи Донетскро озод кунанд ва вазорати дифоъи Русия таъйид кард, ки низомиёнаш аз ин шаҳр ақибнишинӣ кардаанд.
Низомиёни укроинӣ ба пешравии худ ба самти минтақаи Херсон, яке дигар аз чаҳор минтақаи ишғолӣ идома медиҳанд ва дар остонаи тасарруфи муҳиммтарин роҳҳои иртиботии он ҳастанд.
Интиқоди раиси CIA аз изҳороти ғайримасъулонаи русҳо
Уилям Бёрнс, раиси Созмони иттилооти марказии Амрико (CIA) рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо фиристандаи Си-Би-Эс дар посух ба ин савол, ки оё Путин бо таҳдидҳои худ лоф мезанад, гуфт дар шароити кунунии қазовати ин масъала содда нест, аммо Иёлоти муттаҳида бояд ҳар таҳдидеро ҷиддӣ бигирад.
Ӯ дар айни ҳол таъкид кард, ки то кунун дастгоҳҳои иттилоотии Иёлоти муттаҳида “шоҳиди мушаххасе” наёфтаанд, ки таъид кунад Путин он қадар ба истифода аз силоҳи атомӣ наздик шуда, ки як таҳдиди воқеӣ талаққӣ шавад.
Раиси Созмон CIA бо ибрози нигаронӣ аз адабиёт бакоргирифташуда тавассути раисҷумҳур ва мақомҳои аршади Русия изҳороти таҳдидомези онҳоро “беэҳтиётона ва хел ғайримасъулона” хонд.
Бёрнс таъкид карда, ки бояд ҳар гуна нишонаи омодагии воқеӣ барои тадоруки истифода аз силоҳи атомиро ба диққат зери назар гирифт ва афзуд ин кор вазифаи сиёсатгузорон аст.