Як марди тоҷик, ки ними умрашро дар зиндони Русия гузаронда буд, дар рӯзи озодиаш аз онҷо фирор кардааст. Ҳоло ба ӯ 4 соли дигари зиндон таҳдид мекунад.
Хадамоти матбуоти Сарраёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазои ҷиноятии Русия дар вилояти Иркутск гуфта, ки маҳбуси 49-сола дар рӯзи итмоми адои ҷазо аз муассисаи ислоҳии ИК-19 воқеъ дар шаҳраки Маркова гурехтааст.
Ба иттилоъи манбаъ, ӯ соли 2001 ӯ барои содир намудани ҷиноятҳое мисли куштори фармоишӣ, роҳзанӣ, дуздии силоҳу муҳимот, мавод ва дастгоҳҳои тарканда ба 22 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Саабаби фирори маҳбуси тоҷик, ки аз ӯ Камолҷон Калонов ном бурда мешавад, ин буда, ки намехостааст ба Тоҷикистон баргардад. Қарор буд пас аз раҳо шуданаш ӯро ихроҷ кунанд.
Ин маҳбус фироркарда то ҳол дастгир нашуда ва дар сурати датсгириаш ба ӯ 4 соли дигари таҳдид мекунад.