Дар матлаби интишоркардаи нашрияи Phys.org аз гузориши донишмандони донишгоҳи Небраска-Линколни Амрико иқтибос оварда шудааст, ки дар чил соли ахир майдони биёбонҳо дар бархе аз манотиқи Осиёи Марказӣ 100 километр васеъ шудааст. Ин ҳолат бечунучаро аз асари тағйирёбии билофосилаи босуръати иқлим ба амал омада истодааст.
Муҳаққиқон бо истифода аз маълумоти дамои ҳаво ва боришот аз соли 1960 то 2020 Осиёи Марказиро ба 11 навъи иқлим тақсим кардаанд. Мушаххас шудааст, ки аз авохири қарни гузашта манотиқе, ки ба унвони обу ҳавои биёбонӣ табақабандӣ мешавад, ба самти шарқу шимол дар атрофи ҳавзаи Ҷунғар дар шимоли Узбакистону Қирғизистон, Қазоқистони ҷанубӣ ва шимолу ғарби Чин 100 километр васеътар доман густардааст. Донишмандон ҳамчунин хотирнишон кардаанд, ки ин густариши қобили таваҷҷӯҳ ба минтақаҳои иқлимии ҳамсоя, ки аз хушксолӣ низ осеб дидаанд, таъсири доминоӣ гузоштааст.
Ин ҷо бояд тазаккур дод, ки асари доминоӣ гуфта тағйиротеро гӯянд, ки боиси як силсила вокуниш мегардад ва ба сойири иқдомот таъсир мегузорад.
Дар байни солҳои 1990 ва 2020 ҳарорати миёнаи солона дар баъзе минтақаҳо назар ба солҳои 1960 ва 1979 на камтар аз 5 дараҷа гармтар шуда, тобистон хушктар ва боришот асосан дар зимистон ба амал омадааст.
Як пажӯҳишгар бо номи Чефри Дюкс мегӯяд, бо мурури замон болоравии ҳарорат ва кам шудани боришот боиси бартарии намудҳои набототе мешавад, ки ба шароити гармтару хушктар мутобиқ шудаанд, яъне ҳамон рустаниҳои хоси биёбонҳо.
Дар ин ҳолат тановули олами ҳайвоноти хоси ҷарогоҳҳои сералаф таъсири ҷиддӣ мебинад. Дар бархе манотиқ хушксолии тӯлонӣ муддати ҳосилхезии онро коҳиш медиҳад, то замоне, ки хок ба хоки мурда мубаддал шавад.
Ҷамъи олимон таъсири иқлим ба минтақаҳои кӯҳиро низ омӯхта, дигаргунии
хосеро ошкор кардаанд. Дар қаторкӯҳҳои Тиёншон дар шимолу ғарби Чин болоравии ҳарорат ба он оварда расонидааст, ки афзоиши боришот ба ҷойи барф дар шакли борон рух додааст.
Ба гуфтаи Си Ҳу, коршиноси замин ва иқлим ва муаллифи пешбари ин пажӯҳиш, болоравии ҳарорат ва афзоиши боришот ба обшавии яхҳо дар ҳудуди баландиҳо мусоидат мекунад, ки метавонад суръати бесобиқаи коҳиши пиряхҳоро дар ин маҳдуда дошта бошад.
Ба гуфтаи олимон, аз болоравии ҳарорат бориши барф кам мешавад ва пиряхҳои Осиёи Марказӣ майл ба обшавӣ мекунанд, ки ҷойи яхи обшударо барои барқарор шудан барфу сардии зиёд лозим меояд, ки нест. Аз ин бармеояд, ки оянда ба киштзорон миқдори оби ҷорӣ тадриҷан кам мерасад.
Мутахассиси соҳаи ҷуғрофиёи Донишгоҳи Оксфорди Бритониё Трой Стернберг гуфт: “Ба биёбоншавии минтақаҳо як қатор омилҳои инсонӣ, аз қабили саноати истихроҷи маъдан ва истифодаи бидуни сарфакоронаи об дар кишоварзӣ низ таъсир доранд.
Ба ҳамин далел ҳукумати кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ба самти кишоварзии пойдор ва урбанизатсия эътибори ҷиддӣ диҳанд.”