Categories Хабарҳо

Шумори фавтидагон аз COVID-19. Узбекистон 14 кас, Тоҷикистон 47 нафар

Ҳукумати ҷумҳурии Узбекистон ба сабаби зиёд шудани шумораи мубталоён дар назар дорад чораҳои карантиниро тақвият бахшад ва санҷиши назоратиро барои вируси корона васеъ намояд.

Бино бар иттилоъи дафтари матбуоти раисҷумҳурии Узбекистон, Шавкат Мирзиёев дастур додаст, ки чораҳои карантинӣ дар минтақаҳои ин кишвар ва шумораи санҷишҳо барои COVID-19 бинобар зиёд шудани шумораи ҳодисаҳои дар рӯзҳои охир ошкоршуда таҳким дода шаванд.

Шавкат Мирзиёев ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарони вилоятҳо супориш дод, ки минтақаҳое, ки вазъи эпидемиологӣ бадтар шудааст, баррасӣ кунанд ва оид ба тақвияти чораҳои карантинӣ пешниҳодҳо ирсол кунанд. Инчунин аз Вазорати тандурустии кишвар даъват кард, ки санҷиши назоратиро барои COVID-19 дар муассисаҳои тиббӣ, бозорҳо, бонкҳо ва ҷойҳои серодам вусъат диҳад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти Узбакистон карантини зидди паҳншавии коронавирусро дар кишвар то 1-уми июн тамдид карда буданд.

Карантинаи сабук дар ин кишвар аз 8 май ҷорӣ карда шуда буд.

Тибқи маълумоти ахир теъдоди гирифторони коронавирус дар Узбекистон ба 3290 нафар расида, шумори фавтидагон аз ин беморӣ  14 нафар аст.

Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз рӯзи 30-юми апрел то имрӯз гирифтории 3266 нафар ба коронавирус дар кишвар собит шуда,  дар умум теъдоди қурбониён COVID-19 ба 47 нафар расид. Аммо тибқи маълумоти сомонаи kvtj.info то асри 27 май 354 нафар аз мубталоӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон фавтидаанд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *