Олмон, Фаронса ва Англис Эронро масъули ҳамла ба таъсисоти нафтии Aramco дар Арабистони саъуди донистанд.
Ангело Меркел, Эмануил Макрон ва Борис Ҷонсон, раҳбарони Олмон, Фаронса ва Англис ки барои ширкат дар нишасти маҷмаъи умумии Созмони милал ба Ню-Йорк рафтаанд, тайи баёнияи муштараке эълом карданд: Эронро масъули ҳамла ба таъсисоти нафтии Aramco дар Арбистони сауъдӣ аст.
Дар ин баёния бо маҳкум кардани ин ҳамла, ки дар 14-уми сентябр сурат гирифт, бо Арабистони сауъдӣ эъломи ҳамбастагӣ шудааст. Баёнияи мазкур ҳамчунин аст:
“Масъулияти Эрон дар ин ҳамла ошкор аст ва далели мантиқии дигаре вуҷуд надорад. Аз таҳқиқот барои расидан ба ҷузъиёти бештар дар ин бора ҳимоят мекунем.
Ҳамалоти мазкур боиси хатари даргирии бузурге мешавад.Ин ҳамалот бори дигар аҳамияти коҳиши таниш дар минтақа бо талошҳои дипломатик ва дахолати тамоми тарафҳоро нишон додааст.
Замони таъкид ба пойбаландии худ ба БарҶОМ Эронро ба таъаҳҳуд ба шарти ин тавофуқнома фаро мехонем.Эрон барои барқарории гуфтугӯ ва худдорӣ аз иқдомоти таҳрикомез худдорӣ кунад.”