Гузориши солонаи Дидбони Ҳуқуқи Башар дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар дунё вокуниши ҷаҳонӣ ба Русия пас аз ҳамла ба Укроинро сутуда ва онро улгуе барои муқобила бо мавориди дигари нақзи Ҳуқуқи Башар донистааст. Бахше аз ин гузориш ба Тоҷикистон ихтисос дорад.
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузориши солонаи худ аз вазъияти ҳуқуқи башар дар дунё барои соли 2022 ба мавзӯъи “ҳамбастагии ҷаҳонӣ” ишора кардааст.
Тирана Ҳассан мудири иҷроии ин ниҳоди Ҳуқуқи Башарӣ дар пешгуфтори ин гузориши 712 сафҳаӣ бо ишора ба басиҷи ҷаҳон дар қиболи Укроин, ин ҳамбастагӣ ва иттиҳодро “баёнгари потенсиали фавқулодае” донист, ки замоне падидор мешавад, ки “давлатҳо бо масъулияти худ дар қиболи ҳуқуқи башар дар сатҳи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ мешаванд”.
Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки дигар наметавон барои дифоъ аз ҳуқуқи башар ба гурӯҳи кӯчаке аз давлатҳо, умдатан аз кишварҳои ғарбӣ такя кард.
Тирана Ҳассан ин пурсишро матраҳ кардааст, ки чӣ мешавад агар дунё ҳамин вокуниш ва ҳамин ҳамбастагиро пас аз илҳоқи Крим ба Русия ва ё дар соли 2015 замоне, ки ҳукумати Башшар Асад муртакиби ҷиноёти бешуморе дар Сурия шуд аз худ нишон медод.
Мудири иҷрои Дидбони Ҳуқуқи Башар чунин вокунишҳоеро дар мавориди дигар низ зарурӣ донистааст. Ба унвони мисол дар кишварҳое мисли Эфиопия, ки пас аз ду соли ҷанг танҳо тавониста бахше аз таваҷҷуҳи ҷаҳониро ба худ ҷалб кунад.
Ӯ дар пешгуфтори ин гузориш навиштааст: “ҳамин рӯҳияи ҳамбастагӣ бояд барои ҳимоят ва пешбурди ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон ҷорӣ шавад.”
Вазъияти Тоҷикистон
Дидбони Ҳуқуқи Башар қисмате аз гузоришашро ба вазъи Тоҷикистон ихтисос додааст. Аз ҷумла аз Абдулло Ғурбатӣ ва Далери Эмомалӣ ёд мешавад, ки бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва “Гурӯҳи 24” ба ҳафт ва даҳ соли зиндон маҳкум шуданд.
Муаллифони гузориш ба аъзои зиндонии ҲНИТ низ ишора карда навиштаанд, ки бо вуҷуди дархости созмонҳои байнулмилалӣ барои озодии онҳо, ҳанӯз дар зиндон боқӣ мемонанд.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки аз моҳи ноябри соли 2021 то июни соли 2022 дар пайи саркӯби тазоҳурот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон камаш 34 нафар кушта шуданд. Ғайр аз ин, даҳҳо нафар дастгир ва аксарият ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ шуданд
Ба ба 21 ва 6 сол зиндон шудани Улфатхоним Мамадшоева, Шодрӯз Аҳроров бо ихроҷаш аз Русия ва ҳукми 13 узви “Комиссияи 44” низ таъкид шудааст.
Дар бораи “шӯриш”-ҳо дар зиндонҳои Хуҷанду Ваҳдат низ дар гузориш сухан меравад ва гуфат мешавад “ҳеч гуна таҳқиқоти воқеӣ баргузор нашуд ва масъулони пахши бераҳмонаи шӯриш дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат дар моҳи ноябри 2018 ва майи 2019 ба ҷавобгарӣ кашида нашуданд. Дар натиҷаҳои ин шӯришҳо 50 зиндонӣ ва 5 посбони зиндон кушта шуданд. Инчунин, моҳи июли соли 2019 14 зиндонӣ ҳангоми интиқол ба зиндон аз заҳролудшавӣ ҷон бохтанд ”.
Дар гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар ба сонсури шадиди расонаҳо ва таъқиби рӯзноманигорон ишора шудааст. Аз ҷумла гуфта мешавад “чаҳор рӯзноманигори Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояеее время” пас аз мусоҳиба бо Улфатхоним Мамадшоева мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Шахсони номаълум дурбин ва телефонҳояшонро рабуданд, латукӯб ва таҳдид ба марг карданд”.
Дар ин гузориш ба ҳушдори Додситонии кул ба расонаҳо дар мавриди бозтоб надодани рӯйдодҳои ВМКБ ишора шудааст. Дар пайи он хабаргузории “Азия-Плюс” аз нашри хабар дар бораи воқеаҳои Бадахшон даст кашид. Ғайр аз ин, дар гузориши HRW дар бораи маҳдудияти фаъолияти хабарнигорони Радиои Озодӣ ба далели додани эътиборномаҳои кӯтоҳмуддат ва фишор ба кормандони шабакаи “Азда” ва маҳдудияти сафар барои пайвандони онҳо дар Тоҷикистон зикр шудааст.
Дидбони Ҳуқуқи Башар ба даргириҳо дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон низ ишора кардааст, ки дар натиҷаи он аз ду тараф чандин нафар кушта шуданд. “Ҳеч таҳқиқе дар мавриди марги ғайринизомиён дар ҷараёни даргирии байни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2021 сурат нагирифт ва касе ҳам барои он посухгӯ нашуд,” – навиштаанд муаллифони гузориш
Вазъияти Эрон
Дар гузориши солонаи Дидбони Ҳуқуқи Башар бахше низ ба Эрон ихтисос дода шудааст. Дар ин бахш бо ишора ба эътирозоти мардумӣ ба кушта шудани Маҳсо Аминӣ дар моҳи сентябри 2022 ба мавриди мутааддиди нақзи ҳуқуқи башар дар ҷараёни ин эътирозот аз сӯи ҳукумати Эрон ишора шудааст.
Дар ҷараёни эътирозот то 14 ноябр беш аз 1000 ҳукм содир шуда ва ҳадди ақал 9 нафар муттаҳам ба муҳориба ё фасод дар ҷаҳон шудаанд. Ҳар ду ин иттиҳомот метавонад мунҷар ба судури ҳукми эъдом шаванд.
Дар гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар омадааст, танҳо дар ҷумъаи хунини Зоҳидон дар 30 сентябр бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда то таърихи 14 ноябр, 341 мӯътариз аз ҷумла 52 кӯдак кушта шудаанд.
Ба гуфтаи гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ аз оғози соли ҷадид Эрон дар 21 март, 306 ҳукми эъдом ба иҷро гузошта шуда, ки 130 маврид муртабит бо иттиҳомоти маводи мухаддир, 151 маврид бино ба асли исломӣ қасосу боқӣ дар иртибот бо мавриди дигар будаанд.