Рубрики Хабарҳо

Вазири дифоъи Амрико: Қасди хурӯҷ аз Ироқро надорем

Вазири дифоъи Иёлоти муттаҳидаи Амрико эълом кард, ки Вашингтон ҳеҷ барномае барои хурӯҷ аз Ироқ надорад. 

Марк  Аспер , вазири дифоъи Амрико пас аз дидор бо Марк Мейли, раиси ситоди муштараки артиши Иёлоти муттаҳида, дар ҷамъи хабарнигорон дар Пентагон номаи мунташиршуда дар расонаҳо дар бораи хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқро ғайри саҳеҳ донист ва эълом кард: “Вошингтон ҳеҷ барномае барои хурӯҷ аз Ироқ надорад. Дар ҳоли баррасии номаи мазкур ҳастем”. 

Вай афзуд: “Ҳеч тасмиме барои хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ иттихоз нашуда ва ҳеч тарҳе дар ҳоли ҳозир барои чунин тасмиме вуҷуд надорад”. 

Вазири дифоъи Амрико дар идома изофа кард: “Номае, ки дар расонаҳои иҷтимоӣ ба иштирок гузошта шударо пайгирӣ ва баррасӣ мекунем. Мо сарбозони худро дар минтақа муҷаддадан мустақар мекунем. Чизе дигаре фаротар аз он нест, ман ин номаро як бор хондаам. Наметавонам дар мавриди ҳақиқати нома чизе ба шумо бигӯям, аммо метавонам ба шумо бигӯям ин нома бо тасмими кунунии мо мутобиқат надорад”. 

Гуфтанист пеш аз ин бархе расонаҳо гузориш дода буданд, ки эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико рӯзи душанбе дар номае ба давлати Ироқ эълом карда, ки нерӯҳои худро тайи рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда аз ин кишвар хориҷ мекунад. 

Дафтари матбуотии парлумони Ироқ якшанбе 5 июл тайи баёнияе эълом кард: Нишасти намояндагон бо Одил Абу Маҳдӣ ба манзури баррасии ҳузури низомии Амрико дар Ироқ баргузор шуд. Ин намояндагон дар поёни ин ҷаласа тарҳи ихроҷи низомиёни Иёлот муттаҳидаи Амрико барои хурӯҷ аз Ироқро тасвиб карданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *