Рубрики Хабарҳо

Сояи ҷанг дар Ховари Миёна: Нафту тилло боло кашид, саҳом поин афтод

Ба думболи афзоиши танишҳо миёни Теҳрону Вашингтон ва нигаронӣ аз эҳтимоли вуқӯъи ҷанг дар Ховари Миёна, нархи ҷаҳонии нафт ва тилло афзоиш ва арзиши саҳом дар бозори Аврупо ва Осиё коҳиш ёфт. Бурсҳои Олмон (DAX) ва Ҷопон 2 дарсади арзиши худро аз даст доданд. 

Нигаронӣ аз боло гирифтани танишҳо миёни Иёлоти муттаҳида ва Эрон, ки гуфта шуда метавонад ба як ҷанги доғ табдил шавад, вазъияти сармоягузорӣ ва муомилоти  ҷаҳониро ба шиддат заиф ва вориди чолиши сармоягузории пурхатар кардааст. Ин дар ҳоле аст, ки муомилоти бозори сармоя бо оғози соли нави мелодӣ (2020) раванде рӯ ба беҳбуд нишон медод. 

Ба гузориши хабаргузории Олмон (DPA), дирӯз 6 январ, қимати тилло дар ҳар унс ба 1588 доллару 13 сент расид, ки болотарин сатҳи қимат аз соли 2013 ва аз замоне аст, ки сармоягузорон ба думболи сармоягузориҳои амн буданд. 

Нобасомонӣ дар бозорҳои нисбатан мутмаини Олмон ва Суис 

Авроқи қарзии Олмон ва фронки Суис (Швейтсария) низ, ки ҳамвора бахшҳои нисбатан мутмаине барои сармоягузорӣ буданд, акнун бо нобасомонӣ мувоҷеҳ шудаанд. Вазъияти бозори саҳом низ ба далели нигаронии сармоягузорон ва адами субот, тазъиф шудааст. 

Ин вазъият ба думболи кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорон дар ҳамалоти ҳафтаи гузаштаи паҳподҳои амрикоӣ дар Бағдод рух додааст. Таниш дар бозори муомилоти ҷаҳонӣ ба думболи ин воқеа ва пас аз он шиддат гирифт, ки мақомоти ҷумҳурии исломии Эрон, Иёлоти муттаҳидаро ба гирифтани “интқоми сахт”, таҳдид карданд. 

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико низ Эронро таҳдид кардааст, ки дар сурати ҳамла ба коркунон ва манофеъи Амрико ва низ шарикояш дар Ховари Миёна, иқдомоти талофиҷуёнаи бештаре анҷом хоҳад дод. 

Ба думболи ин танишҳо, шохиси кулли бурси Олмон 2 дарсад аз арзиши худро аз даст дод.DAX шохиси бозори саҳом шомили 30 ширкати асли бурси Франктфурти Олмон аст. 

Акнун сарфаҷӯии дар масрафи нафт дар ҳама бахшҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Аз сӯи дигар бозори саҳом дар ширкатҳои ҳавопаймоие ҳамчун Люфтҳанза низ таҳти таъсир қарор гирифтааст. 

Дар ҳамин иртибот Рostbank-и Олмон эълом кард: “Ҳамлаи низомии Иёлоти муттаҳида ба ногоҳ, хушҳолии соли ҷадиди мелодиро поён дод.” 

Саҳоми Ҷопон низ имрӯз раванди нузуле пайдо кард. Дар нахустин ҷаласаи муомилоти соли ҷадиди мелодӣ, шохиси бурси Ҷопон бо уфти 225 воҳидӣ, миёнагини саҳоми худро ба мизони 451.76 имтиёзи муодили 1.91 дарсад аз даст дод. 

Раванди рӯ ба афзоиши қимати тилло ва нафт 

Бо кушоиши бозори ҷаҳонии муомилоти тилло низ қимати ин филизи гаронбаҳо аз авоили субҳи имрӯз раванди афзоишӣ пайдо кард ва ҳатто қабл аз ин ки қиматҳо мушаххас шавад, баҳои ҳар унс ба 1577 доллару 26 сент афзоиш ёфт, ки дар муқоиса бо рӯзи ҷумъа, охирин рӯзи муомилот, 1.6 дарсад афзоиш нишон медиҳад. 

Қимати тилло дар моҳи декабри 2019 ҳудуди 1450 доллар дар ҳар аунс буд, ки бо афзоиши танишҳо дар Ховари Миёна, аз ҳамон моҳи гузашта, раванди афзоише пайдо кард. 

Дар кашокаши танишҳои Ховари Миёна ва таҳдидҳои ҷадиди мутақобили Эрон ва Амрико ва низ нигаронӣ аз вуқӯъи ҷанг дар минтақа, қимати нафт, ин тиллои сиёҳ ҳам имрӯз афзоиш ёфт. 

Иёлоти муттаҳидаи Амрико, яке аз бузургтарин тавлидкунандагони нафт аст ва рӯйи ин манбаъи энергӣ таъкиди бисёр дорад. Нигаронии феълии кишварҳо, камбуди нафт аст. 

Қимати ҳар бушкаи нафти WTI ба 64 доллару 72 сент расида, ки болотарин қимат аз моҳи апрел аст. 

Қимат ин нафт ва нафти хом Brent, аз ибтидои соли 2020 ҳудуди 6 дарсад рушд нишон медиҳад. 

Дар рӯзҳои ахир ва бо боло рафтани танишҳо дар Ироқ , қонунгузорони ин кишвар рӯзи якшанбе, дар мусаввабае хостори он шуданд, ки ҳамаи нерӯҳои амрикоӣ, Ироқро тарк кунанд. Ироқ эълом кард, ки ин мусавваба дар посух ба ҳамалоти Амрико ва кушта шудани Қосим Сулаймонӣ ва ҳамкоронаш дар нерӯи Қудси Сипоҳ ва низ масъулоне аз гурӯҳи шиаb Ҳашд-уш-Шаъбӣ содир шудааст. 

Раисҷумҳури Амрико дар вокуниш ба ин мусавваба маҷлиси Ироқ, таҳдид ба таҳрими ин кишвар кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *