Пас аз эътирози густардаи корбарони интернет, бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон қимати он дубора поин бурда шуд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъолон ҷомеъаи шаҳрвандӣ инро пирӯзӣ хонда ҳамдигарро табрик мекунанд.
Шоми имрӯз, 23.04, ҳамагӣ пас аз 5 рӯзи боло бурдани қимати интернет аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дафтари матбуотии раисҷумҳур чунин иттилоъ дод:
Имрӯз бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд.
Бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯӣ карда шуд.
Нисбати кӣ ва чӣ чорачӯӣ карда шудааст маълум нест. Субҳи имрӯз Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бо қарори раисҷумҳур аз вазифааш сабукдӯш шуд. Ӯ ҳамон нафарест, ки хадамоти зери назораташ ташаббускори боло бурдани қимати интернет дар кишвар буд.
Барканории Қодирзода “бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” унвон шудааст. Аммо чун “кори дигари” ӯ ҷонишинии духтари раисҷумҳур ва раиси дастгоҳаш Озода Раҳмон аст, метавон гуфт, ӯ на барканор шуда, балки болтар рафтааст. Дар ҳар кишваре вазифаи нави ӯ поёнтар аз вазифаи қаблиаш аст, аммо на дар Тоҷикистон.
Болоравии қимати интернет ба таври бесобиқа мардуми Тоҷикистонро ба шӯр овард. Эътирозе ба ин густурдагӣ ҳади ақал дар 20 соли охир мушоҳида нашудааст. Ҳатто тарафдорони сарсахти ҳукумат норозигиашон ба тасмимро аланан эълон карданд. Бори аввал дар ин ду даҳа дар кӯчаҳои Душанбе алайҳи ин тасмим имзо ҷамъоварӣ карданд. Садҳо нафар бо сабти навор, ҳазорон нафар бо навиштани посту шарҳ эътирози худро баён намуданд. Чанд вакили парлумон ҳам бори аввал баъди аз он ронда шудани мухолифон ба тасмими ҳукумат розӣ нашуданд.
Интизор мерафт баъди ин ҳама эътирозҳо ҳукумат мавқеъи худашро эълон кунад. Инак мавқеъ эълон шуд ва қарор бекор гардид. Ин тасмими ғайриоқилонаи мақомот чӣ паёмадҳое дошт ва хоҳад дошт, фардо, дар таҳлили Паём хонед.