Рубрики Хабарҳо

Эрон: 80 низомии амрикоиро куштем

Хабаргузори расмии Садо ва симои Эрон ба нақл аз “як манбаъи огоҳ дар Сипоҳи посдорон” муддаии кушта шудани дасти кам 80 низомии амрикоӣ дар ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳҳои ин кишвар дар Ироқ шуд. 

Ин хабаргузорӣ афзудааст: дар ин ҳамла ҳамчунин теъдоде ҳавопаймои бидуни сарнишин ва болгард ва таҷҳизоти фаровони низомӣ осебҳои ҷиддӣ дидаанд. Дар ҳамла мушакии бомдоди имрӯз, понздаҳ мушак ба пойгоҳ Айн-ал-Асад исобат карда, ки ҳеҷ кадом ба василаи системи радарии артиши террористи Амрико раҳгирӣ нашудаанд. 

Алорағми хабар эъломшуда аз сӯи хабаргузории Садо ва симои Эрон, мақомоти амрикоӣ то кунун кушта ё захмӣ шудани низомиёни ин кишвар дар ҳамлаи мушакии бомдоди имрӯзи Эронро таъйид накардаанд. 

Гуфтанист, равобити умуми Сипоҳи посдорони Эрон бомдоди имрӯз, чаҳоршанбе, 8 январ тай иттилоияе эълом кард: “даҳҳо мушаки баллистик ба самти пойгоҳи Айн-ул-Асад маҳалли истиқрори нерӯҳои амрикоӣ, воқеъ дар устони Ал-Анбори Ироқ шиллик шуда аст”. 

Ҷонотан Ҳофман, сухангӯи вазорати дифоъи Амрико бо интишори баёниае эълом кард: Эрон бо беш аз 12 мушаки баллистик ба ду пойгоҳи Айн-ул-Асад ва Ирбил дар Ироқ, ки нерӯҳои Амрико дар он мустақар ҳастанд ҳамалотеро тартиб додааст. Дар ҳоли арзёбии аввалин хисоратҳо ҳастем. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *