Рубрики Хабарҳо

“Оштӣ”-и қирғизҳо ҳамагӣ якуним соат давом кард

Ҳамагӣ пас аз якуним соати оташбас, ки баъди мулоқоти раҳбарони КДАМ-м ду кишвар дар сарҳад ва раисони ҷумҳур дар ҳошияи нишасти СҲШ эълон шуд, ҷониби Қирғизистон аҳдшиканона деҳаҳои наздимарзиро тирборон мекунад. Ин дафъа қирғизҳо аз чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода мекунанд.

Тибқи иттилоъи Марказии матбуотии нерӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон “новобаста аз баргузории вохӯрии роҳбарони сохторҳои аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва эълон намудани оташбас, бо гузашти якуним соат, ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ба самти минтақаҳои Овчи-Қалъачаи ноҳия Б.Ғафуров, Ворух ва Чоркуҳи шаҳри Исфара аз силоҳҳои гурӯҳӣ ва техникаҳои ҳарбӣ тирпаррониро дубора оғоз карданд”. 

Ҳамчунин ин ниҳод эълон карда, ки “тарафи Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии низомиро аз маркази ноҳияи Боткени ҶҚ ба минтақаҳои наздисарҳадӣ интиқол дода истодааст”.

Марказии матбуотии нерӯҳои сарҳад бо нигаронӣ хабар додааст “ҷониби Қирғизистон бо истифода аз чархлболҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳои бесарниши зарбазананда манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншооти мулкии Тоҷикистонро мавриди ҳамла қарор дода истодааст”. 

Қаблан дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, раисони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар, мулоқот ва барои эълони оташбас мувофиқа карда буданд. 

Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд бо нашри чанд акс аз раванди гуфтушунид буд, ки гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон дар дидбонгоҳи гумрукии «Равод», дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон вохӯрдаанд.

Зимни гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон карда шавад, — гуфта шудааст дар иттилоия.

Ҷониби Тоҷикистон аз замони мушаххаси оташбас иттилоъ надод, аммо Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки имрӯз, соати 16:00 бо вақти Бишкек ва 15:00 бо вақти Душанбе, тирпаронӣ қатъ карда шавад.

Ҳамчунини раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов (Жапаров), барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Самарқанд рафта буданд имрӯзи 16 сентябр бо ин сабаб мулоқот кардаанд. Онҳо гуфтаанд, барои оташбас ва берун кашидани нерӯҳо супориш медиҳанд.

Бино ба хабари дафтари матбуоти президенти Қирғизистон, Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов, роҳбарони кумитаи амнияти миллии ду кишвар, комиссия ташкил карда, сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Гуфтанист пас аз шурӯъи ҳамлаи қирғизҳо ба деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистон, нерӯҳои кишвар дар як ҳамлаи ҷавобӣ қирғизҳоро на танҳо аз хоки Тоҷикистон, балки чанд деҳаи қаблан аз ҷониби қирғизҳо дар хоки Тоҷикистон бунёдшуда, берун ронданд.

Тибқи наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад, аксари бошгоҳҳои ҳарбии қирғизҳо дар марз ҳам бо дасти нерӯҳои мардумии Тоҷикистон фатҳ шудааст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *