Рубрики Хабарҳо

АЛ —ХОРАЗМӢ

Донишманди бузурги шарқ Муҳаммади Хоразмӣ бо асари илмии “Ҳисоб ал-ҷабр вал-муқобала” тавонистааст, ки илми  алгебраро асосгузор бошад. Истилоҳи алгебра дар натиҷаи бо забони лотинӣ тарҷима шудани асари номбурда пайдо шуд. Махсусан дар Осиёи Миёна  ва Ҳиндустон асримиёнагӣ (асрҳои 9-11) ин фанни қадима хеле пеш рафт ва бо кашфиётҳои навин ғанӣ гашт.

Риёзидон, ситорашинос, ҷуғрофиёдон, файласуф, тарҷумон, мунаҷҷим ва муаррих Муҳаммад Хоразмӣ  дар охирҳои асри 7 тақрибан солҳои 799-800 дар замони хилофати Аббосиён дар хонигарии Хива ба дунё омадааст  ва соли вафоташ 850 дониста мешавад. Дар баъзе сарчашмаҳои таърихи Ал-Хоразмӣ бо номи «Ал-Маҷусӣ», яъне пайрави дини зардуштӣ ёд мешавад. Аз ин маълум мешавад, ки гузаштагони вай пайрави дини зардуштӣ будаанд. Аммо дар ҷойҳои дигаре чун  мусалмони суннимазҳаб ёдовар мешаванд. Муҳаммад будани номаш худ дарак аз он медиҳад, ки мусалмон аст. Ал-Хоразмӣ ба он олимони асри миёна тааллуқ дорад, ки барои кору фаъолият ба маркази хилофати араб- шаҳри Бағдод ҷалб карда шуда буд. Таърихнависи шинохтаи асри 10  Ан-Надим хабар медиҳад, ки Муҳаммад ибни Мӯсо аз Хоразм ба Байт-ул-ҳикмат бо даъвати Халифа Ал-Мамуна омада буд. Дар онҷо бо Ал-Хоразмӣ вохӯрда, ӯро ба Бағдод даъват менамояд. Олимони Байт-ул-Ҳикмат дар фанҳои риёзиву ситорашиносӣ саҳми беандоза калон гузоштаанд. Арзиши камони 1° наздики ба вокеият (111 км) ёфта шуда буд. Дар ин кор саҳми Ал-Хоразмӣ аз ҳама бештар аст.

Аломатҳои математикии зарб, тақсим,  баробарӣ , қавсҳои гуногун ва бархе дигар баъдан дар асри 17 аз тарафи олимони фанни риёзиёт ба илм ворид шудаанд. Шояд суоле ба миён ояд, ки Хоразмӣ дар асри 7-8 бе ин аломатҳо чӣ тарз дар фанни алгебра фаъолият мебурд?! Он вақт ин ҳама амал иҷро мешуданд, аммо бо ибораҳо ишора мешуданд. Ин тарзи ҳисобкуниро математикаи риторикӣ мегуфтанд.

Таваҷҷӯҳи бештари Ал-Хоразмӣ дар омӯзиши илмҳои риёзӣ, ситорашиносии амаливу назариявӣ ва географияву таърих буд.  Ҳамаи китобҳояш, дастовардҳои илмиаш то мо омада нарасидаанд. Рисолаи навиштаи ӯ, ки “Китоби тасвири замин” ном дошт, асари илмии географӣ ба забони арабӣ аст.

Пешрафти назарраси  илмӣ дар Бағдод бештар замони писари ҳорун Ар-Рашид-Халифа Ал-Мамун, ки солҳои  ба даст омадаанд. Дар замони ӯ дар Бағдод хонаи ҳикмат «Байт-ул-ҳикмат» ташкил ёфта буд. Дар Байт-ул-ҳикмат китобхонаи бой дорои дастнависҳои қадимтарин ва расадхонаи ситорашиносӣ ҷой дошт. Дар Бағдод дар баробари дигар олимҳо Ал-Хоразмӣ солҳои зиёд кору фаъолият кардааст.

Китоби Хоразмӣ бо номи “Ҳисоб ал-ҷабр вал-муқобала” дар худи асри 8 ду маротиба аз забони арабӣ ба лотинӣ,  баъдан ба бисёр забонҳои дигари Аврупо тарҷума шуд. Дар асоси ин китоб чандин китобҳои дигари вобаста ба илми ҳисоб таҳия гардид. То асри 16 тарҷумаи асарҳои оиди арифметика навиштааш дар донишкадаҳои Аврупо аз китобҳои асосии ин соҳа буданд. Ал-Хоразмӣ муаллифи 9 адад рисолаи илмист, ки то замони мо 7 ададаш омада расидааст. Бо китобе, ки номи “Ҳисоби ҳинд” дар бораи рақамҳо навишт, тавонист рақамҳои арабиро дар тамоми дунё ҷорӣ кунад. Бо ин асари илмиаш аввалин шуда Сифр, яъне  нолро ҳамчун рақам ба риёзиёт ворид кард. Бо гузашти 10 аср тарҷумаи арабии китоби мазкур гум шуда буд. Дар натиҷаи паҳншавии тарҷумаи лотиниаш, солҳои 1200-ум ба тамоми Аврупо рақамҳои арабӣ паҳн шуд, ки бештар миёни савдогарон ба кор бурда мешуд. Сараввал ин рақамҳо танҳо дар макотиби олӣ кор бурда мешуданд. Дар асри 16 бошад, тамоми аврупо ба истифодаи рақамҳои арабӣ мегузарад. Танҳо дар Русия давоми асри 18 аз шумораҳои кирилик ба арабӣ майл мекунанд.

Тариқи устурлоб муайян намудани вақтҳои аниқи намозро ҳам дар яке аз рисолаҳои илмиаш Муҳаммад Хоразмӣ навишта буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *