Рубрики Хабарҳо

Асъор ва иқтисод 10.12.2020

Нархи арз

Бино бар гузориши Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз 10 декабр арзиши рубл дар кишвар боз боло рафта, 1 рубл баробари 15 сомониву 26 дирам  нарх шуд.

 Бонки миллии Тоҷикистон қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11 сомониву 30 дирам  то 11 сомониву 33 дирам арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13 сомониву 67 дирам  то 13 сомониву 80 дирам  арзёбӣ кардааст.

Нархи тилло

Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи  имрӯз  миёни бонкҳои Лондон  1834 доллару 35 сент муомила шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта арзонтар аст.

Нархи нафти хом

Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар  биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 49 доллару 36 сент муъомила шуд.

Нархи миёнгаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 45 доллару 96 сент муомила шуд.

Дар шаш моҳи  аввали соли 2020, муҳоҷирони тоҷик нисбат ба бонкҳое, ки дар соҳаҳои асосии иқтисодиёти миллӣ дар давоми нӯҳ моҳ маблағгузорӣ карданд, ба ватани худ бештар маблағ интиқол доданд.

Дар нимсолаи аввали сол муҳоҷирони кории тоҷик ба ватани худ 999 миллион доллар пул интиқол доданд. Маблағи умумии сармоягузории қарзии системаи бонкӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд дар соҳаҳои асосии иқтисоди Тоҷикистон бо пули миллӣ ва хориҷӣ дар аввали моҳи октябри соли ҷорӣ 10миллиарду 400 миллион  сомонӣ муодили 920 миллиону 300 ҳазор долларро ташкил дод..

Бояд гуфт, Тоҷикистон яке аз кишварҳое дар ҷаҳон аст, ки иқтисодаш аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста аст.

Тибқи баъзе маълумот, тақрибан 1, 5 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ кор мекунанд.

Аммо дар солҳои охир дар омор байни Тоҷикистон ва Русия ихтилофи назар вуҷуд дошт. Мақомоти Русия мӯътақиданд, ки шумораи муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар аз 1 миллион гузаштааст, аммо тибқи омори ҷониби Тоҷикистон, онҳо тақрибан 500 ҳазор нафаранд.

Ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон дар моҳҳои январ-июн нисбат ба нимсолаи аввали 2019 174 миллион доллар коҳиш ёфт. Соли 2019 муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан 2 миллиарду 600 ҳазор  доллар фиристоданд, ки ин 33 дар сади Маҷмӯъи Маҳсулоти Дохилии кишварро ташкил медиҳад.

Қаблан Бонки Ҷаҳонӣ коҳиши рекордии интиқоли пул аз муҳоҷирони кориро дар саросари ҷаҳон пешбинӣ карда буд. Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, коҳиши интиқоли пул бо кам шудани музди меҳнат ва шуғли муҳоҷирони меҳнатӣ алоқаманд аст, ки дар соли 2020 20 дар сад коҳиш хоҳад ёфт.

Дар ҳамин ҳол, интиқоли маблағҳои муҳоҷирон манбаи асосии даромади бисёр оилаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мондааст. Имсол ҳаҷми интиқолҳо, алахусус аз Русия, ба сабаби пандемияи коронавирусӣ коҳиш ёфт.

Бисёриҳо, бинобар баста шудани марзҳо дар робита бо пандемия, натавонистанд ба кор раванд ва шуғл дар дохили кишвар мушкилот дорад.

Тақрибан як моҳ аст, ки банкомат ва хазинаҳои бонкҳои вилояти Хатлон пули кофӣ надоранд ва мардум наметавонад музди кору пасандоз ва ё пулҳои фиристодаи фарзандонашонро саривақт бигиранд.

Бонкҳо сабаби пули кам дар хазинаҳояшонро дар кори Бонки миллӣ медонанд, Бонки миллӣ мегӯяд, дархости бонкҳоеро, ки барои пули нақд саривақт муроҷиат мекунанд, қонеъ месозад.

Бонки миллӣ иддаои бонкҳои тиҷоратиро рад мекунад ва мегӯяд, бонкҳое, ки барои гирифтани пули нақд муроҷиат карданд, саривақт онро мегиранд. 

Кӯлоб танҳо шаҳре нест, ки сокинон аз камбуди пул дар бонкҳо шикоят мекунанд. Аз ноҳияи Восеъ ва шаҳри Бохтар маркази вилояти Хатлон низ корбарон айни шикоятро доранд. 

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш дар минтақа менависад, сокинон саривақт пули худро гирифта натавонистаанд. Дар корт пули интиқолшуда мегузарад, аммо чанд бонк мераванд, ки банкоматҳо пул надоранд.”

Чанд бонк дар натиҷаи навбатпоиҳои тӯлонӣ аз 1000 сомонӣ бештар ба муштариён надодаанд. Сокинон бо талаб мегуянд, ки ба пул ниёз доранд. Ин кори бонкҳо хеле мушкилиҳо пеш овард. Калонҳо бояд чораи инро бинанд, мардум сарсон аст!”

Камбуди асъори нақд дар бонкҳо хусусан барои пардохти пулҳои интиқолӣ дар ҳолест, ки расо як сол қабл Бонки миллӣ бо таъсиси як маркази ягона раванди интиқоли пул аз хориҷа ба кишварро пурра зери назорати худ даровард. То ин тағйирот дар интиқоли пул аз хориҷа ба кишвар тавассути бонкҳо хеле кам мушкил сар мезад.

Сотим Умаров, иқтисоддони тоҷик ба манбаъи хабар гуфтааст, ки Бонки миллӣ бо баҳонаи амнияти иқтисодӣ ва бехатарии бонкҳо интиқоли пулро аз хориҷа пурра тавассути як марказ ба роҳ монд ва натиҷаҳои ин ислоҳот акнун аз худ дарак медиҳад. Ин иқтисоддон гуфтааст,  “Вақте ҳама чиз вобастаи як марказ мешавад, албатта чунин мушкилот пеш меояд. Ҳама бонкҳои дигар мунтазир мемонанд, ки кай аз Бонки миллӣ, ки акнун ҳама пулҳои интиқолӣ тавассути маркази ягонаи он мегузарад, ба онҳо пули нақд медиҳад. Дар чунин ҳолат албатта, таъхир дар пардохт ва камбуди асъор дар бонкҳо рӯ мезанад.”

Аз таъсиси маркази ягонаи интиқоли пул дар назди Бонки миллӣ як сол сипарӣ шуд, вале ба он танҳо системаи “Контакт”, “Вестерн Юнион” ва “Юнистрим” пайваст шуданд. Боқӣ низомҳои интиқоли пул, ки қаблан дар Тоҷикистон буданд ба ин марказ напайвастанд. Маъмурияти Бонки миллӣ мегӯяд, дар сурати пеш омадани мушкил дар дарёфти маблағ аз бонкҳо муштариён бояд ба Идораи ҳуқуқи истеъмолкунадагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллӣ муроҷиат кунанд.

Дар Тоҷикистон барои шиддат ёфтани назорат бар масрафи барқ Ситоди вижаи ҷумҳуриявӣ таъсис шуд.

Ба гузориши сомонаи Авесто, яке аз вазоифи ин ситоди ифшосозии дуздии барқ, шиносоии қарздорони бузурги барқӣ ва даъват аз мардум барои сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ мебошад.

Дар нахустин нишасти ин ситод, ки ба раёсати генерал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ҳузури мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Вазорати энергетика ва ШСХК “Барқи Тоҷик”баргузор гардид, бар зарурати шиддат ёфтани назорати ин ниҳодҳо бар раванди масрафи барқ дар кишвар таъкид шуд. 

Дар Тоҷикистон аз имрӯз (панҷшанбе10 декабр) ҷирабанди(лимит)-и барқ лағв мешавад ва зарурати фарҳангсозӣ миёни мардум барои ташвиқи онон ба сарфаҷӯии барқ вуҷӯд дорад.

Ширкати давлатии Барқи Тоҷик бо интишори паёме аз бекор шудани ҷирабандии барқ дар Тоҷикистон аз рӯзи панҷшанбе (10 декабр) хабар доду аз мардум дархост кард, ки сарфаҷӯии барқро ҷиддӣ бигиранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *