11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Каромат Шарипов ҳимояи Хайриддини Абдуллоро ба дӯш гирифт

Каромат Шарипов Президенти Федератсияи муҳоҷирони ИДМ, ҳимояи додгоҳии рӯҳонии тоҷик Хайриддини Абдулло, ба дӯш гирифт. Дар ин бора худи Шарипов ба Паём иттилоъ дод.

Ӯ гуфт бо хонаводаи Хайриддини Абдулло, ки 29 декабри соли 2019 зимни бозгашташ аз Маскав аз тарафи ВКД ба хабс гирифта шуда буд, барои ҳимояи ӯ ба тавоҷуқ расидааст. 

Тибқи гуфтаи Каромат Шарипов, то имрӯз ҳеҷ вакили дифоъе ҳимояи Хайриддинро ба дӯш нагирифтааст.

Каромат Шарипов гуфт ҳимояи Хайриддини Абдуллоро “чун Сафири сулҳ, Президенти байналхалқии ҳимояи ҳуқуқи башари Лигаи халқи Тоҷик ва Президенти Федератсияи муҳоҷирони ИДМ ин вазифаи вазнинро ба дӯш” гирифтааст.

Каромат Шарипов қасд дорад новобаста аз фишор аз тарафи мақомотиТочикистон, барои ба озодӣ баровардани Хайридини Абдулло талош варзад.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *