Шаҳри Панҷакент расман ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ” эътироф гардид. Ин қарорро Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ (World Crafts Council) рӯзи 21 октябри соли 2025 қабул кард.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ, ки бо ЮНЕСКО ҳамкорӣ дорад, ҷиҳати рушди иқтисод тавассути ҳунарҳои дастӣ, дастгирии ҳунармандон ва тавсеаи ҳамкорӣ миёни кишварҳо фаъолият мекунад.
Ин Шӯро ба шаҳрҳое, ки дар ҳифз ва рушди мероси ҳунарии худ саҳми назаррас доранд, унвони “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ”-ро медиҳад.
Эътирофи Панҷакент ҳамчун маркази ҷаҳонии сузанидӯзӣ шаҳодати арҷ гузоштан ба мероси ғании ҳунарии мардуми тоҷик мебошад. Ин дастовард имконият фароҳам меорад, ки ҳунарҳои мардумии Панҷакент бештар рушд карда, ба ҷаҳониён муаррифӣ гарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube