Рубрики Хабарҳо

504 мавриди ифшошудаи ришвахории мақомоти ҳукуматӣ дар Суғд

Мудири идораи Агентии давлатии мубориза коррупсияи вилояти Суғд аз сабти 504 мавриди ришвахории мақомоти ҳукуматӣ дар шимоли Тоҷикистон дар соли 2019 хабар дод, ки дар муқоиса бо соли пеш 21 маврид бештар будааст.

Генерал Карим Иброҳимзода, масъули Агентӣ ба расонаҳо  гуфтааст, ки хисороти молии ин мавридҳо 27 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Иброҳимзода аз идораҳо ва Созмонҳои маҳалии давлатӣ, маориф ва улум, беҳдошт ва тандурустӣ, бонкҳо , мақомоти интизомӣ, адлия, ҳамлу нақл, додгоҳҳо ва мудирияти замин ба унвони фасодзадатарин ниҳодҳо дар соли 2019 дар вилояти Суғд ёд кардааст.

Ин масъули Агентии зидди фасод аз афзоиши мавориди фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар соли 2019 дар шаҳрҳои Истаравшан , Панҷакент, Хуҷанд, навоҳии Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ҷабор Расулов ва Спитамен ибрози нигаронӣ кард.

Аз дидгоҳи роҳбари идораи Агентии давлатии мубориза бо фасоди молии вилояти Суғд таи соли 2019 бо ишора ба сабти 41 маврид ҷурм ва ҷинояти муртабит бо фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар миёни кормандони идораҳо ва Созмонҳои маҳалии давлатӣ гуфтааст, ки мардум барои ҳали мушкили хеш ба ин Ниҳодҳо муроҷиа мекунанд. Аммо кормандони идораҳо ва Созмонҳои маҳалӣ давлатӣ ба ҷои ҳали мушкили ин афрод ба ҷейби онон чашм духтаанд ,ки ин кор ба эътибор ва ҷойгоҳи ин Созмонҳо латма мезанад.

Тоҷикистон дар радабандии байналмиллалии фасоди молӣ ва ришвахорӣ ба далели густардагии ин падида дар идороти давлатии ин кишвар дар ҷойгоҳи номатлуб қарор дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *