Рубрики Хабарҳо

Дар Калининград шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми мубодилаи еврои қалбакӣ боздошт шуд

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Калинингради Русия як шаҳрванди Тоҷикистони бо иттиҳоми мубодилаи пули қалбакии евро боздошт намудааст.

Дар ин бора сайти хабар додааст.

Тибқи натиҷаи тафтишот моҳи октябри соли ҷорӣ дар кучаи Александр Невского шаҳрванди Тоҷикистон 30 дона 500 евроиро мубодила кардааст.

Зимни тафтишот аз ҷои зисти гумонбаршуда ба маблағи 65500 евро пули қалбакӣ ёфт шудааст.

Прокуратураи ноҳияи Ленинградскии Калининград дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияро барои ҳабси пешакӣ тасдиқ кардааст.

Мисли ҳамеша аз ин шаҳрванди муҳоҷири тоҷик ном гирифта нашудааст. Идораи марказии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ленинградскии шаҳри Калининград ба зангҳои пай дар пайи ПАЁМ.net ҷавоб надоданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *