Эрон, Тоҷикистон ва Узбакистон бо ҳадафи рушди ҳамкориҳои гардишгарӣ ва ширкатҳои мусофирати беш аз 50 санад имзо карданд.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин тавофуқот бо ҳадафи ҳамкории ҷадид байни ширкатҳои мусофиратӣ ва гардишгарии Эрон, Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Душанбе анҷом гирифта аст.
Санадҳои ҳамкорӣ дар бахши гардишгарӣ тавассути Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон, Тоҷикддин Ҷуразода, раиси кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон ва Эргашоҳ Исматов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон имзо шуд.
Намояндагони се кишвар муъаррифии фарҳангӣ миллӣ, одобу русум, ғизоҳо ва нушиданиҳо, таърих ва мероси фарҳангии ғании мардуми Тоҷикистонро заминасози рушди гардишгарӣ унвон карданд.