Рубрики Хабарҳо

Боқимондаҳоии зердарёии “Титан” пайдо шуд. Ҳамаи сарнишинон ҷон бохтаанд

Тамоми 5 сарнишини зердарёии кӯчаке, ки барои тамомшои киштии ғарқшудаи “Титаник” рафта буд, ҷон бохтаанд ва гумон намеравад тимҳои ҷустуҷғӣ қодир ба пайдо кардани ҷасадҳои онҳо бошанд. 

Горди соҳилии Амрико мегӯяд 5 қитъаи бузурги бақияҳои зердарёии “Титан”-ро пайдо кардааст. Мақомҳо бар асоси мушоҳидаи ин қатаот мегӯяанд “Титан” ба эҳтимоли бисёр зиёд бар асари фишори берунӣ хурд шуда ва сипас аз ҳам пошидааст. 

Ҳамзамон ҳувияти сарнишинони ин зердарёии кӯчак, ки барои тури боздид аз бақияҳои киштии маъруфи “Титаник” ба умқи Уқёнуси Атлантик рафта буд, эълом шудааст. 

Зердарёи “Титан” бо панҷ сарнишин рӯзи якшанбе барои сафар ба умқи дарё ва боздид аз боқимодаҳои киштии “Титаник” ба об андохта шуд ва кӯтоҳмуддате пас аз он, тамосаш бо киштии модар қатъ шуд. 

Асри панҷшанбе, 22 июн дарёдор Ҷон Маугер аз нерӯи баҳрии Амрико ба хабарнигорон гуфт, ки киштии ҷустуҷӯгари “Горизонти Арктикӣ” тавониста бахшҳое аз лошаи ин зердарёиро ёфтааст. 

Ин мақоми горди соҳилии Амрико гуфта он тавр, ки аз қатаоти пайдо шуда дида мешавад, мутаасифона Титан бо дарунпошии фоҷиаомез рӯ ба рӯ шуда ва пас аз пачақ шудан бар асари фишори берунӣ, аз ҳам пошида ва муталошӣ шудааст. 

Ситоди фармондеҳии ин тими ҷустуҷӯӣ гуфтааст хабари ёфтани боқимондаҳои “Титан” фавран ба иттилоъи аъзои хонаводаи сарнишинони он расидааст. 

Он тавр, ки коршиносон мегӯяанд дарунпошӣ ё инфиҷор аз дохил ( implosion) ҳангоме рӯй ме‎диҳад, ки зердарёӣ тавони муқовамат дар баробари фишори беруниро надорад ва ибтидо ба дохили худ пачақ ва сипас аз ҳам мепошад ва муталошӣ мешавад. 

Он тавр, ки горди соҳилии Амрико мегӯяд бо вуҷуди идомаи ҷустуҷӯ барои ёфтани бақия ва кашфи иллати вуқӯъи ин садама, эҳтимоли ёфтани ҷасадҳои сарнишинони Титан “бисёр баид” аст. 

Дар ҳамин ҳол, бо мушаххас шудани садамаи маргбор барои ин зердарёӣ ва матлаъ шудани хонаводаҳо аз ҷон бохтани сарнишинон, ҳувияти 5 ҷон бохтаи ин садама эълом шудааст. 

Ширкати “Ошен Гейт”, ки муҷрии ин сафари зерибаҳрӣ буда ҳамзамон бо пайдо шудани бақияҳои он ба хонаводаҳои ҷон бохтагон тасалият гуфта ва аз ин, ки натиҷаи ҷустуҷӯҳо ба “бадтарин сенарияи мумкин” хатм шуда, ибрози таасуф кардааст. 

Ҳамзамон исми комили сарнишинони ин зердарёи кӯчак иборат аст: 

Ҳамяш Ҳардинги 58 сола ҷустуҷӯгари бритониёӣ ва аҳли моҷароҷӯе, ки қаблан ҳам ба фазо сафар карда ва чанд боре ҳам ба қутби ҷануб рафта буд. 

Шоҳзода Довуд, тоҷири 48 солаи бритониёии покистонитабор, ки аз аъзои яке аз куҳантарини хонаводаҳои Покистон аст ва аз ҳомиёни аслии ду бунёди хайрияи Чарлз, подшоҳи Бритониё, буд. 

Сулаймон писари Довуд, ки ҳамагӣ 19 сол доштааст. 

Пол Ҳенри Наргол, 77 сола, нохудои собиқи нерӯи дарёии Фаронса, ки гуфта шуда алоқаи зиёде ба таҳқиқ дар бораи бақияҳои киштии Титаник дошта ва яке аз аъзои аввалин гурӯҳе буда, ки дар соли 1987 барои пайдо кардани боқимодаҳои Титаник ба соҳилҳои шарқии Уқёнуси Атлантик рафтанд. 

Стоктон Раш, 61 сола, аз мудирони иҷроии аршади ширкати “Ошен Гейт”, ки масъулияти иҷроии ин тури тафреҳӣ барои боздид аз боқимондаҳои “Титаник”-ро бар ӯҳда доштааст. 

Зердарёиҳои кӯчак ҳар чанд вақт як бор гардишгардону коршиносонро барои дидани боқимодаҳои киштии “Титаник” ба умқи ҳудуди 3800-метрии зери уқёнус мебаранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *