Рубрики Хабарҳо

Қатли марди 33-солаи тоҷик дар Иркутск

Шаби 11 декабр дар шаҳри Тайшети вилояти Иркутски Русия як шаҳрванди 33-солаи Тоҷикитсонро ба қатл расондаанд. хабар дод, ки ҷасади муҳоҷири тоҷикро дар бурриши кӯчаҳои Транспортная ва Суворов пайдо кардаанд.

Дар гузориши «Тайшет 24» гуфта шудааст, ки  «Хабар дар бораи ин ҳодиса ба пулис баъди соати яки шаб расидааст. Муҳоҷири тоҷик захми корд хӯрда, ҳанӯз то расидани мошини “Ёрии таъҷилӣ” ҷон бохтааст. Дар ҳоли ҳозир, кормандони пулис ҷузъиёти ҳодисаро муайян мекунанд. Тафтишот шурӯъ шудааст».  Тафсилоти дигари ҳодиса ва сабаби қатли муҳоҷири тоҷик ҳанӯз маълум нест. Исми ӯ низ нашр нашудааст. Пулис гумонбаронро ҷустуҷӯ мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *