Нархи миёнаи пули миллии тоҷикӣ дар муомилоти миёни бонкҳо мисли дирӯза муътадил 9 сомониву 69 дирам муодили 1 доллари ИМА муайян шуд.
Ба асоси иттилои Бонки миллӣ, ба нархи миёна 15 дирам баробари 1 рубл муайян шудааст. Ҷаҳиши нархи евро нисбат ба дирӯз ба мушоҳида мерасад ва 10 сомониву 82 дирам баробари 1 евро муаян шудаст.
***
Ба гузориши сойти маводди хоми Нюйорк, баҳои нафт шоми душанбе дар муъомилоти биржаҳои муҳимми ҷаҳон боз ҳам афзойиш ёфт.
Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) – ICE Brent Crude Futures-и Лондон 62доллару 13 сент муъомила шуд.
Нархи миёнаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 56 доллару 54 сент муъомила шуд.
***
Имрӯз ҷаҳиш нархи тилло нисбат ба рӯзи гузашта ба қайд гирифта шуд.. Баҳои ҳар унс тилло дар муомилоти миёни бонкҳои Лондон 1509 доллару 45 сент муомила шуд.
Арзиши ҳар унс тилло дар муқойиса бо тасбити шоми дирӯз 25 сент афзоиш ёфт.
Арзиши ҳар унс тилло ба арзҳои муҳимми хориҷӣ, аз ҷумла, евро 1353,98 ва пунди инглис 1169,52 муъомила шуд.
Тасбити нархи миёнбонкии тилло ҳар рӯзи муъомилоти тиҷорӣ дар соъати 10:30 субҳ ва 15:00 баъд аз зуҳр ба вақти Гринвич анҷом меёбад. Натоиҷи тасбит ба уънвони маҳак дар муъомилоти шимши тилло дар саросари дунё мавриди истифода қарор мегирад. Барои муъайян кардани баҳои тилло панҷ ниҳоди дороӣ ширкат мекунанд ва миёни онҳо тилло доду ситад мешавад.
*****
Имрӯз дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Берни Конфедератсияи Швейтсария раисҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати байналмилалии «Гленкор» (Glencore International AG) Айван Глазенберг мулоқот карда, масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат ва дигар корхонаҳои бонуфузи Конфедератсияи Швейтсарияро баррасӣ намуд.
Тавре расонаҳои давлатии Тоҷикистон хабар медиҳанд, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки аз муҳимтарин соҳаҳои равобити дуҷониб ба ҳисоб меравад, изҳори қаноатмандӣ карда, шарикии самараноки ширкати «Гленкор»-и Швейтсария бо «ТАЛКО»-и Тоҷикистонро дар соҳаи истеҳсоли алюминий намунаи хуби чунин ҳамкорӣ номидааст. Мавриди зикр аст, ки тайи 12 соли охир ТАЛКО ва Гленкор дар маҷмӯъ ба маблағи зиёда аз 4,7 миллиард доллари амрикоӣ амалиёти тиҷоратиро ба анҷом расонидаанд. Дар назар аст, ки давоми 5 соли оянда ин ду ширкат, тибқи қарордодҳои баимзорасида, ба маблағи якуним миллиард доллари амрикоии дигар ҳамкории тиҷоратӣ ва маблағгузорӣ хоҳанд кард.
Зимни вохурӣ таъкид шудааст, ки бо дарназардошти имконоти мавҷудаи Тоҷикистон ва иқтидори «Гленкор» ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои ҳар ду ҷониб судманд хоҳад буд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба дарёфти роҳҳои нави тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо ҷониби Швейтсария, аз ҷумла бо ширкати «Гленкор» дар соҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама, дар татбиқи лоиҳаҳои коркард то ҳолати ниҳоӣ дар конҳои маъдани тилло, нуқра, сурма ва синк табодули андеша карданд.
Истифодаи имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва дигар соҳаҳои истеҳсолии иқтисоди миллӣ, татбиқи Барномаи таҷдиди иқтидорҳои ширкати «Талко» ва саҳмгузории ширкати мазкур дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон, яъне саноатикунонии иқтисоди мамлакат зарур шумурда шуд.