Сатҳи радиатсияи ҳастаии минтақа пас аз вуқӯъи инфиҷор дар воҳидҳои низомии шаҳри Северодвински минтақаи Архангелски Русия ба таври ғайриоддӣ афзоиш ёфт.
Созмони ҳавошиносии Русия тайи иттилоияе эълом кард: Пас аз вуқӯъи инфиҷор дар воҳидҳои низомии шаҳр Северодвински вилояти Архангелск абрҳои радиоактив дар минтақа ташкил шудааст.
Дар ин иттилоия омадааст: Абрҳои радиактивӣ ташкулшуда аз анвоъи мухталифе аз изотоп ҳаст. Пас аз вуқӯъи инфиҷори сатҳи радиоатсияи минтақа барои муддати кӯтоҳе афзоиш ёфта ва сипас ба сатҳи одӣ бозгаштааст.
Созмони энерҷии атомии Русия эълом кард, ки инфиҷори мазкур ҳангоми кор дар иртибот бо мароҳили муҳандисӣ ва фаннии манобеъи изотопии тағзиякунандаи сӯхтаи моеъи мотори мушак рух дод.
Дар ин инфиҷор 5 нафар ҷони худро аз даст доданд. Расонаҳои Русия низ аз афзоиши сатҳи радиатсияи минтақа хабар доданд.