Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатӣ имрӯз, 22 январ дар Бишкек нишасти муштарак баргузор мекунанд. Қарор аст қитъаҳои дар шакли “катакҳои шоҳмотӣ” ҷойгиршуда дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ муайян ва ивазкунии онҳоро баррасӣ намоянд.
Қаблан ноиби сарвазири Қирғизистон Женеш Раззоқов, ки ҳайати ин кишвар дар гуфтугӯҳои марзиро раҳбарӣ мекунад, гуфта буд кишвараш аллакай ду қитъаро дар Оқ-Сой ва самарқандак барои иваз ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Гурӯҳҳои дуҷонибаи кории иборат аз заминшиносҳо, дипломатҳо, намояндагони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҳуқуқшиносон вазифадор шудаанд, ки то 1 марти соли 2020 дар бораи ивази қаламравҳо дар қитъаҳои баҳсноки марзи Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳодот таҳия кунанд.
Расонаҳо гузориш медиҳанд, ки имрӯз коршиносон мушаххасан масъалаи ивази қитъаҳоро дар деҳаҳои Оқ-Сой ва Самарқандек баррасӣ мекунанд, ки дар қитъаи сарҳади давлатӣ байни шаҳри Исфара ва Ботканд воқеъ аст.
Ба навиштаи Азия Плюс бо истинод ба манбаъаш дар ҳукумат, пас аз суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков рӯзи 13 январ дар масъалаи ҳалли мушкилоти марбут ба қитъаҳои баҳсноки сарҳад пешравиҳо ба назар мерасанд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков он замон дар бораи фаъолсозии ҷараёни вохӯриҳо ва суръатбахшӣ ба фаъолияти гурӯҳҳои корӣ бо мақсади роҳ надодан ва пешгирии шиддатёбии вазъ дар минтақаҳои наздимарзӣ созиш ҳосил карда буданд.
Ба Вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.