Рубрики Хабарҳо

Боз $50 млн.и дигари БОР ба Тоҷикистон

Бонки Осиёии Рушд барои суботи низоми бонкӣ дар кишвар ва таҳкими идоракунии молиявӣ ба Тоҷикистон 50 миллион доллар грант ё маблағи бебозгашт медиҳад. Дар ин бора БОР рӯзи 12-уми декабр хабар дод.

Ба навиштаи манбаъ, маблағи мазкур дар доираи марҳилаи дуввуми “Барномаи беҳтар кардани идоракунии молиявӣ” ба Тоҷикистон дода мешавад.

«Тоҷикистон баъди пандемия босуръат барқарор мешавад, аммо номуайянии вазъи сиёсии ҷаҳонӣ дурнамои рушди кишвар ва барномаи ислоҳотро суст кард,»-гуфтааст Евгений Жуков, мудири минтақаи Осиёи Марказӣ ва ғарбии БОР.

Ин мақомдори Бонки Осиёии Рушд гуфтааст, 50 миллион доллар грант барои идомаи ислоҳот ба ҳукумат кӯмак мекунад.

Бонки Осиёии Рушд аз соли 1998 то ҳоло ба Тоҷикистон зиёда аз 2,5 миллиард доллар додааст. Аз ин ҳисоб беш аз 1,8 миллиард доллар кумаки бебозгашт аст.

Дар ҳамин ҳол, аксари кӯмакҳои ин бонк аз тарафи мақомдорони тоҷик дуздида мешавад, аммо то ҳол ба ҳеҷ ҳолате аз ин дуздиҳо БОР эътирозе накардааст. Кӯмакҳои «ҳотамонаи» ин бонк ба ҳукумати Тоҷикистон шубҳаҳоеро ҳам эҷод кардааст. Як таҳқиқи Паём нишон дод, ки соли 2020 ин бонк ба ҳукумати Раҳмон ҳади ақал $700 млн маблағ гузаронидааст, ки 86%-и (!) онро грантҳои бебозгашт ташкил медиҳанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *