Дар ҷамоъати Понғози ноҳияи Ашт аз намозгузорон талаб кардаанд барои адои намози таровеҳ дар масоҷиди панҷвақта 50 сомонигӣ ҷамъоварӣ кунанд. Имомони масҷидҳо муваззаф гаштаанд шумори таровеҳхонҳоро ба идораи ҷамоъат расонанд.
Дар калонтарин ҷамоъати ноҳияи Ашт, ки ҳудуди 40 000 аҳолӣ ва наздик ба 20 масҷид дорад, аз намозгузорон андози намози таровеҳ талаб кардаанд. Тибқи иттилоъи як манбаъ, имрӯз дар идораи ҷамоъати деҳоти Понғози ноҳия маҷлиси вакилон баргузор гардида, эълон шудааст, ки минбаъд хондани намози таровеҳ дар масоҷиди панҷвақта манъ буда, намозгузорон бояд ба масҷидҳои ҷомеъ раванд.
Дар ҷамоъат, тибқи иттилоъи манбаъ 3 масҷиди ҷомеъ вуҷуд дорад, ки дар масофаи 4-5 километрӣ аз ҳамдигар қарор доранд. Мардуми ҷамоъати Понғоз аз диндортарин дар ноҳия маҷсуб мешавад ва масоҷидаш ҳам ҳамеша серодаманд.
Баъди эълони манъи намоз дар масҷидҳои панҷвақта имомҳои масҷидро ҷавоб дода, ба раисони маҳалла қарори навро муаррифӣ кардаанд: ҳар ҷамоъати масҷиде, ки мехоҳад дар масҷидаш намози таровеҳ баргузор гардад, бояд аз ҳар намозгузор 50 сомонигӣ ҷамъоварӣ кунад.
Раисони маҳаллаҳо ин қарори раиси ҷамоъат ва талаби ӯ мабнӣ ба муайян кардани шумори намозгузорони ҳар масҷидро аллакай ба имомони масоҷид расонидаанд. Дар чанд масҷид маҷлиси намозгузорон баргузор гардидааст. Манбаъ мегӯяд, аксари намозгузорон ба пешниҳоди раиси ҷамоъат розӣ нестанд.
Баъзе аз намозгузорон пешниҳод кардаанд садақаи фитрро барои иҷозаи намози таровеҳ масраф кунанд, як қисми кӯчак розӣ шудаанд маблағро ҷамъоварӣ кунанд, аммо дигарон алайҳи ин ду гурӯҳ эътироз кардаанд. Қисме гуфтаанд намозашонро дар хонаашон хоҳанд хонд.