Баъди он, ки рӯзи якуми август сафири Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Эмомзода ба вазорати хориҷии ин кишвар эҳзор ва ба ӯ нотаи эътирозии ин кишвар супурда шуд, мақомоти тоҷик Эронро аз сафи гунаҳкорони ҳамла ба сайёҳон дар Данғара хориҷ карданд. Ҳоло танҳо ҲНИТ-ро гунаҳкор мекунанд.
Ҳарчанд мақомот ҳанӯз расман эълон накардаанд, ки Эрон гунаҳкор нест, лаҳни гуфторашон куллан тағйир кардааст. Дар навиштаҳои “Фабрикаи ҷавоб” ҳам дигар номи кишвари Эрон ба чашм намехӯрад. Барои мисол дар номаи “модарону ҷавонони шаҳри Норак”, дар накӯҳиши ҲНИТ, ки агентии давлатии “Ховар” онро нашр кардааст, аслан номи Эрон зикр намешавад. Ва на танҳо Эрон. Дар ин нома аслан аз “хоҷагони хориҷии ҲНИТ”, ки дар ҳар ҷумлаи мақомот вуҷуд дошт, хабаре нест.
“Модарону ҷавонони шаҳри Норак” дар номаашон “фоҷеаи нангини ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ, ки 29 июли соли равон дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз тарафи ҳампаймонону ҳамаслакони Ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ сурат гирифт, маҳкум намуда, онро кирдори ваҳшиёнаву ноҷавонмардона ва разилона номиданд”.
Баъди зикри номи ҲНИТ бидуни Эрону “хоҷагони хориҷӣ” дар охири нома бори дигар номи ҲНИТ-ро зикр кардаанд: “Ба андешаи номбурда, Ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ бо ин кирдори ваҳшиёна зиндагии осудаи мардуми тоҷикро ноором кардан мехоҳад”.
Сайфулло Сафаров, муовини Маркази тадқиқотии назди президенти Тоҷикистон низ дигар Эронро гунаҳкор намедонад. «Аслан мо давлати Эронро гунаҳкор накардем. Чун он шахсоне, ки дар Эрон хондаанд, дар он замоне таҳсил намуданд, ки давлати имрӯзаи Эрон ба онҳо ҳеҷ дахле надорад. Аз ин сабаб, давлати имрӯзаи Эрон метавонад ба ин кор ҳеҷ дахле ҳам надошта бошад. ВКД танҳо гуфт, ки ҳамин шахс дар Эрон хонда буд ва мо сари он таъкид карда будем, ки ин нафар узви ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ аст, халос»— гуфтааст ӯ.