Тоҷикон, ки ҳамеша дар истеъмоли машруботи спиртӣ худдортар аз ақвоми дигар буданд, ҳоло аз ӯзбекҳову озариҳо бештар шароб менӯшидаанд. Бо вуҷуди ин Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар сафи кишварҳое қарор дод, ки машруботи спиртиро кам истеъмол мекунанд.
Дар ин радабандӣ, ки дар миёни 189 кишвари ҷаҳон анҷом шудааст, Тоҷикистон дар ҷойгоҳи 130, Ӯзбекистон 138 ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҷойи 166-ум воқеъ шудаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд сол қабл Тоҷикистон аз ҷиҳати истеъмоли машруботи спиртӣ ҷои охир дар кишварҳои собиқ шӯравӣ ва яке аз охирин ҷойҳо дар ҷаҳонро ишғол мекард.
Мақомот бо пеш гирифтани сиёсати тарғиби машруботи спиртӣ ва маҷубр кардани ҳама чойхонаву тарабхонаҳо ба фурӯши машрубот, ин нишондиҳандаҳоро хеле боло бурданд.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хостори пайравии дигар кишварҳо из ин се ҷумҳурӣ барои муқобила бо густариши масрафи машруботи спиртӣ ва таблиғи сабки зиндагии солим шудааст.
Дар Тоҷикистон аз соли 2017 ҳар навъ таблиғоти машруботи спиртӣ дар расонаҳои хабарӣ мамнуъ мебошад. Ҳамчунин фурӯши намудҳои ин машрубот ва ҳатто оби ҷави дорои спирт дар марказҳои тиҷорӣ мамнуъ буда, танҳо аз фурӯшгоҳҳои вижа метавон дарёфт кард.