Жозеп Боррел, дипломати аршад ва баландпояи аврупоӣ нисбат ба раванди рӯ ба коҳиши захоири таслиҳотии Иттиҳодияи Аврупо дар пайи идомаи кумакҳои низомии кишварҳои узви Иттиҳодия ба Укроин ибрози нигаронӣ кард.
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе зимни ҳушдор нисбат ба коҳиши захоири таслиҳотии кишварҳои узв, ки ба гуфтаи вай ба далели идомаи ирсоли силоҳ ва муҳиммот ба Укроин дар ҳоли рақам хӯрдан аст аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо хост то масрафи таҷҳизоти низомӣ ҳамоҳангтар ва ҳисобшудатар амал кунанд.
Боррел, ки бо қонунгузорони аврупоӣ гуфтугӯ мекард дар идома ёдовар шуд: “ман намегӯям, ки захоири низомии аксари кишварҳои узв тамом шуда, аммо ба хеле коҳиш ёфтааст, зеро мо зарфияти зиёдеро дар ихтиёри укроиниҳо қарор додаем.”
Жозеп Боррел сипас таъкид кард: “ин захоир бори дигар бояд ба вазъияти собиқ бозгарданд ва беҳтарин роҳ ин аст, ки чунин рӯйкарде ба сурати ҷамъӣ ва ҳамоҳанг сурат гирад, ки арзонтар ҳам тамом хоҳад шуд.”
Вазирони дифоъи Иттиҳодияи Аврупо ҳафтаи гузашта тайи нишасте дар Чехия роҳҳои ҷамъоварии беҳтари силоҳ ва манобеъи низомӣ ва ҳамчунин хариди умдаи муҳиммот ва силоҳҳои чун системҳои дифоъи ҳавоиеро, ки Укроин ҳамчунон ба он ниёз дорад, мавриди баҳс ва табодули назар қарор дода буданд.
Боррел рӯзи душанбе ҳушдор дод, ки агар кишварҳои узв ба густариши қобилиятҳои низомии худ ба чунин шевае идома диҳанд, натиҷаи ин иқдом танҳо ҳадар додани пул хоҳад буд зеро ба гуфтаи вай чунин рӯйкарде шикофҳои мавҷудро дар заминаи захоири низомӣ пур нахоҳад кард.
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин “ғафлати 27 кишвари узви Иттиҳодия дар амри омӯзиши нерӯҳои мусаллаҳи Укроин, чанд моҳ пеш аз оғози таҳоҷуми низомии Русия ба хоки ин кишвар”-ро,ки чандин кишвари узв пештар хоҳони он шуда буданд фурсате аз даст рафта хонд ва нисбат ба он ибрози таасуф кард.
Жозеп Боррел дар ин замина тасреҳ кард: “мутаассифона ин корро накардем ва имрӯз пушаймонем. Мо мутаасифем, ки августи гузашта ин дархостро думбол накардем ва ин дархостро бароварда накардем.”
Раиси дипломосии Иттиҳодияи Аврупо сипас дар ҷамъи қонунгузорони аврупоӣ таъкид кард, ки агар Иттиҳодия дар он замон ба ин дархост посухи муносиб медод “мо дар вазъияти беҳтаре қарор мегирифтем.”