Раиси ситоди муштараки артиши Амрико гуфт, ки толибон дар Афғонистон шикаст нахӯрда ва роҳҳали низомии роҳи поён додан ба ҷанг нест.
Ба гузориши расонаҳои Амрико, Ҷозеф Донфорд, раиси ситоди кулли артиши ин кишвар тайи суханоне дар иҷлоси амниятии Ҳолификси Канада изҳор дошт, ки Толибон дар Афғонистон шикаст нахӯрда ва ҷанбаи низомӣ роҳҳали поён додан ба ҷанг нест.
Вай тасреҳ кард: одилона аст агар бигӯем, ки онҳо дар ҳоли ҳозир мағлуб нестанд. Амрико ва муттаҳидони НАТО дар талош барои қонеъ кардани Толибон бо ташдиди фишорҳои низомӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳастанд ва ба ақидаи ман Толибон маҷбур ба созиш аст. Калиди муваффақият таҷамӯъи тамоми фишорҳо барои ташвиқи Толибон ба музокира аст.
Донфорд зимни таъкид бар аҳамияти интихоботи соли оянда дар Афғонистон роҳи расидан ба созиш бо Толибонро душвор ва тӯлонӣ донист. Амрико Толибонро созмони террористӣ эълон мешиносад.
Гуфтанист, аввали ноябри соли ҷорӣ Русия ҳам, ки Толибонро чун созмони террористӣ мешиносад, онҳоро ба Маскав барои гуфтушунид сулҳ бо давлати Афғонистон даъват кард. Толибон ҳам ин даъватро пазируфтанд ва дар нишасти Маскав ҳузур ёфтанд.
Қаблан Толибон ҳама гуна гуфтугӯ бо давлати Афғонистонро машрут ба ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар медонистанд. Ширкати Толибон дар Маскавро ҳарду ҷониб ҳам ба талаби ин ҳаракат мабнӣ ба ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ шарҳ доданд.