Рубрики Хабарҳо

HRW хостори таҳримҳо алайҳи мақомоти тоҷик шудааст

HRW ё созмони Дидабони ҳуқуқи башар мақомоти Тоҷикистонро дар нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам дониста, ҳушдор додааст, ки дар сурати даст накашидан аз таъқиби мухолифон ва дигарандешон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост хоҳад намуд, ки алайҳи Тоҷикистон таҳримҳо ҷорӣ намоянд.

Ин созмони байналмиллалӣ дар изҳороти худ ёдовар гаштааст, ки талош хоҳад варзид, то кишварҳои дунё алайҳи Тоҷикистон низоми раводидро шадид кунанд ва ба моликияти мансабдорони ин кишвар дар хориҷи мамлакат таҳримҳо ҷорӣ шаванд.


HRW  мегӯяд, мақомоти тоҷик дар ин авохир алайҳи мухолифони дигарандеши худ, хоса намояндагони ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” ҷанги нобаробареро эълом доштааст ва аъзои ин созмонҳои сиёсиро ба банду баст кашида, фаъолияти онҳоро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълом намудааст. Ин ҳизбу созмонҳоро ба ифротгароӣ  муттаҳам намуда, мавриди таъқибот қарор додааст. Ин созмони байналмиллалӣ таъкид кардааст, ки ба дарозо зиндонӣ гардидани раҳбарони ҲНИТ ба фаъолияти сиёсии онҳо бастагӣ дошта, ҳукумат ба ин маром аз мухолифони саркаши худ халос мешавад ва барои худу ояндаи худ роҳро ҳамвор месозад, ки муқобили нормаҳои ҳуқуқи башар аст. Ин кори мақомот озодиҳои шаҳрвандонро таҳти суол қарор медиҳад.

 
Ҳамчунин Дидабони ҳуқуқи башар аз адвокати маъруфи тоҷик Бузургмеҳр Ёров, ки додситон талаби 25 сол дар зиндон афкандани ӯро пеш овардааст, ёдовар мегардад. Дар изҳороти мазкур  дар бораи ҳабси адвокат Шуҳрат Қудратов, писарони адвокат Исҳоқ Табаров низ сухан меравад ва ин амали мақомоти қудратии Тоҷикистонро таҳти танқиди шадид қарор дода шудааст.

Созмони Ҳюман райтс вотч ё дидбони ҳуқуқи башар дар изҳороти худ афзудааст:


“Суди олии Тоҷикистон 2 нафар муовини ҲНИТро абадан маҳкуми зиндон намуд ва ба 4 нафари дигар, ки узви фаъоли ин ҳизб ҳастанд, 28 сол дар маҳбас монданро раво дид. Парвандаҳои ин маҳкумшудагон ба таври шаффоф баррасӣ нагардидааст ва характери сиёсӣ доранд. HRW аз мақомоти Тоҷикистон дархост намуда буд, ки парвандаи раёсати ҲНИТ дар додгоҳ ба таври шаффоф баррасӣ гардад, аммо мақомот ба ин талабот аз паси панҷа нигариста, мурофиаҳои судиро пӯшида баргузор намуданд.”


Аммо ҳукумати Тоҷикистон сарсахтона ин даъвоҳои барҳақи созмонҳои байналмиллаkиро рад мекунад ва барои дифоъ аз сиёсати якҷонибаи худ аз ҳар усулу шева кор мебарад. Аз ҷумла намояндаи доимии Тоҷикистон дар Женева Ҷамшед Ҳомидов ҷомеаи ҷаҳониро гӯл зада, гуфтааст, ки мурофиаи судии аъзои ҲНИТ бо риоя шудани муқаррароти қонунгузорӣ ва актҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда ҷараён гирифт. Дар ҷараёни тафтишоти муқаддамотӣ аъзои ҳизб бо вакилон ва бо дигар ҳуқуқ ва кафолатҳои мурофиавӣ таъмин шуданд. Дар ҷараёни тафтиш ва муҳокимаҳои судӣ ҳеҷ нафар аз аъзои ин ҳизб аз ҷониби сохторҳои давлатӣ мавриди шиканҷа ё дигар аъмоли ғайриқонунӣ қарор нагирифтааст. Ҳукми аъзои ин ҳизб аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон мутобиқ бо қонунгузории кишвар ва ҳам қонунҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшдуа содир шуд”


Аммо ин дар ҳолест, ки аъзои ҲНИТ ва дигар мухолифони дигарандеши мақомоти Тоҷикистон аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ пайваста таҳти фишор қарор доранд ва ҳатто пайвандони онҳо дар маҳалҳо мавриди пайгарди хадамоти амниятӣ қарор гирифта, онҳо шадидан таъқиб мебинанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *