Рубрики Хабарҳо

Собиқадорони «Фронти халкӣ»-ро ба Исфара мефиристанд

Мақомоти Тоҷикистон як гуруҳ аз собиқадорони “Фронти Халқӣ”-ро дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ҷамъ карда, мехоҳанд онҳоро ба минтақаи марзии Исфара фиристанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеъаш хабар медиҳад.

Субҳи 15 сентябр назди бинои Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон собиқадорон аз ҷумла аъзоёни боқимондаи “Фронти халқӣ”- ро ҷамъ кардаанд, то ба Исфара фиристанд. Хабарнигорон чанд нафар аз шахсони бузургсолро бо риши баланд диданд, ки дар тан либоси низомӣ доштанд ва дар назди бинои Академияи ВКД гаштугузор доштанд. Ҳарчанд Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ ҷамъ кардани низомиёнро дар бинои Академия рад кардааст.

Аз субҳи 15 сентябр дар дохили бинои Академия омодагиҳо барои фиристодани низомиён ба Исфара ҷараён дорад. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, ба низомиён мефаҳмонанд, ки дар минтақаи марзии ноҳияи Исфара чи гуна бояд рафтор кунанд. Дақиқ нест, собиқадорони “Фронти халқӣ” ба таври худҷӯш ба ин ҷо омадаанд ё аз тарафи мақомот даъват шудаанд. Вале дар гузашта онҳо дар мавридҳои хос изҳори омодагӣ кардаанд, аз ҷумла дар остонаи амалиёти ҳукумат дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон.

Зоҳиран мақомот аз вазъияти пешомада дар марз бо Қирғизистон нигаронӣ доранд ва мехоҳанд қувваҳои иловагиро ба онҷо фиристанд. Моҳи апрели соли гузашта баъди як муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даҳҳо аъзои Фронти Халқиро ба Исфара фиристода буданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *