Хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, ки 2687 тонна зардолу аз ноҳияи Ашт ба Русия фиристода шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, имсол то санаи 12 июни соли ҷорӣ аз ноҳия 2720 тонна меваи тар тавассути 160 автомашина ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Аз ҷумла, 2687 тонна зардолу ва 33 тонна гелосу олу ба Федератсияи Русия ирсол гардидааст. Айни замон боз 5 автомашина вориди ноҳия шуда, барои содирот мева қабул карда истодааст.
Илова бар ин тавассути автомашинаҳои боркаши хурд ҳамарӯза то 20 тонна меваи тар бо нархҳои аз 1,5 сомонӣ то 2,5 сомонӣ ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳо бароварда шуда, то имрӯз наздик 500 тонна, аз ҷумла 453 тонна зардолу ба фурӯш рафтааст.
Ҳамзамон ширкатҳои истеҳсолӣ низ барои харидории меваҳои шаҳдбори ноҳияи Ашт ҳавасманд буда, аллакай корхонаи “Оби зулол” барои истеҳсоли афшура 22 тонна зардолу харидорӣ кардааст.
Қобили қайд аст, ки боғпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромад маҳсуб ёфта, дар парваришу нигоҳубини боғоти зардолу боғдорони ноҳияи Ашт таҷрибаи калон доранд. Маҳз бо заҳмату талоши боғдорони ноҳия ҳамасола садҳо тонна меваҳои шаҳдбори ноҳия ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.