Саймумин Ятимов, раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки инак даҳ сол аст ба ин курсӣ такя задааст, ба ғуруби худ наздик мешавад. Ин мӯйсафеди 66-сола, ки бояд 3 сол қабл ба нафақа мерафт, бо ёфтани дили раисҷумҳур ва раиси дастгоҳу духтараш Озода Раҳмон, тавонист умри раёсати худро тӯлонитар кунад, аммо ҳоло ба бузургтарин чолиш дар ҳаёташ рӯбарӯ шудааст. Шонси ӯ дар нигоҳ доштани молу амвол ва ҳатто ҳаёташ баъди фиристода шуданаш ба истеъфо торафт камтар мешавад.
Муваффақиятҳои муваққатии ӯ дар мубориза бо мухолифини сиёсӣ бо истифода аз усулҳои ғайримашрӯъву ғайриинсонӣ Раҳмонро мутақоид кард, ки ин мӯйсафед ҳанӯз пурэнерживу зирак аст ва метавон чанд соли дигар ҳам амнияти кишвар, аниқтараш хонаводаро ба ӯ бовар кард.
Ятимов воқеъан тавонист мухолифинро аз кишвар берун созад, эътибори ҳизби исломӣ ва рӯҳониёнро дар ҷомеъа поин барад, озодии суханро ҳабс ва масоҷидро бандад, аммо ҳамаи ин “пирӯзӣ”-ҳои ӯ бо террори давлатӣ, тӯҳмату бӯҳтон, шикастани ҳарими шахсиву ҳайсияти инсон, маҳдудкунии озодиҳои динӣ ва дигар қонуншиканиҳое ба даст омад, ки дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ҳайси ҷинояти сангин шинохта шудааст. Ҳоло мавқеъи давлативу ҳимояи бархе абарқудратҳо ӯро аз рафтан ба додгоҳи байналмиллалӣ нигоҳ медоранд, аммо ин танҳо суоли вақт аст. Ӯ, агар баробари ба истеъфоъ рафтанаш ва ҳатто қабл аз он аз тарафи рақибони дохилиаш кушта нашуд, ҳатман дар додгоҳ посух хоҳад гуфт.
Усулҳое, ки раҳбари КДАМ барои саркӯби мухолифин, рӯҳониён ва озодандешону рӯзноманигорон истифода кард, ҳамеша таъсири муваққатӣ дошта, дертар аксуламали шадидтаре пайдо мекунанд. Агар замони шӯравӣ ин аксуламалҳо баъди 40-50 сол зуҳур кардаву баъди 10-15 сол мошини террори давлатиро шикастанд, дар Тоҷикистон бо чанд сабаб ҳамагӣ дар камтар аз 10 сол зуҳур карда бо суръат авҷ мегиранд. Яке аз сабабҳояш агар ба асри иттилоъоту суръат рост омадани террори ятимовӣ бошад, сабаби дигараш ноӯҳдабароии худи ӯву тимаш аст.
Ҳарчанд худи ӯ бо истифода аз артиши бузурги иттилоъотиаш бо номи мардумии “Фермаи ҷавоб” сахт мекӯшад худу тимашро муваффақ нишон диҳад, дигар мошини террораш рӯ ба харобӣ овардааст ва ҳар рӯз қисме аз он фурӯ мерезад. Ба ин “мусибат”-и раҳбари КДАМ дар арсаи мубориза бо мухолифин, мусибати дигар зам шудааст: ӯ дар дохил рақибони тавоное пайдо кардааст, ки на танҳо алайҳи ӯ бо шиддат кор мекунанд, балки мунтазири фурсати мувофиқе ҳастанд, ки “парпечон”-аш кунанд. Зоҳиран ин “мусибат”-и нав зеҳни ӯро сахт машғул карда, ки хато аз паи хато содир мекунад.
Дар бораи ҳамлаи номуваффақонаи ӯ ба Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ҷойгоҳи худашро хеле заъиф ва баръакс ҷойгоҳи ин мухолифи ҳукуматро қавитар кард, мо дар мақолаи қаблӣ хотиррасон карда будем ва ваъда ҳам ниҳодем, ки дар ин бора муфассалтар сӯҳбат хоҳем кард. Ҳатман ба ин мавзӯъ бармегардем. Вале имрӯз мавзӯъ дигар аст. Аниқтараш “пирӯзӣ”-и дигари Ятимов.
Тибқи иттилоъи манобеъи мӯътамади Паём, яке аз “дастовард”-ҳое, ки раҳбари КДАМ ҳамеша, то муддате қабл аз он ифтихор мекардааст, таъсиси тими мухолифини мухолифин дар Аврупо будааст. Ин корро ӯ зарбаи маҳкаме ба танаи ҲНИТ ва Паймони миллии Тоҷикистон ҳисобида, дар нишастҳои расмӣ ҳамингуна муаррифӣ мекард. Ва онро аз амалиёти муваффақи КДАМ дар хориҷи кишвар меномид.
Воқеъан ӯ тавонист гурӯҳе аз “мухолифин”-и қадимиву навро зери чатре ҷамъоварӣ кунад ва алайҳи ҲНИТ, ПМТ ва Гурӯҳи 24 таҳрик диҳад. Ин гурӯҳ замоне ба пешравиҳои кӯчаку муваққатие ҳам даст ёфта буд. Тибқи иттилоъи манбаъи Паём дар як гузориши узви аршади ин гурӯҳ ба КДАМ ин нукта таъкид шуда буд, ки аъзои гурӯҳ бо даҳҳо нафар кор бурда истодаанд ва чанд нафарро тавонистаанд ба самти худ ҷалб кунанд (бо зикри номи ҷалбшудаҳо).
Аммо бо чанд сабаб ин гурӯҳ на танҳо муваффақ нашуд, балки амниятӣ буданаш ҳади ақал барои мухолифин ва фаъолон ошкор гашт. Сабаби аслӣ агар надоштани пойгоҳи мардумӣ бошад, яке дигар аз сабабҳо усули истихдоми онҳо буд. Бештари онҳоро КДАМ бо ҳамон усули ғайримашрӯъ ҷалб кардаст — якеро бо сабти навори фаҳш, дигареро бо парвандаи қаллобӣ, саввумиро бо фишор болои ҳамсараш ва ғайра. Ҳарчанд байнашон онҳое ҳам ҳастанд, ки ихтиёран дар хидмати Ятимов қарор гирифтаанд. Ин боис шуда, ки онҳо барои амният бо дили нохоҳаму нафрат ба шахси раҳбараш кор кунанд ва танҳо корҳоеро анҷом диҳанд, ки КДАМ аз онҳо талаб мекунад. Гоҳе ҳатто бо овардани баҳона аз иҷрои корҳое ҳам даст мекашиданд. Ва ҳатто маблағи ҳангуфт натавонист онҳоро ба мухолифат алайҳи мухолифин дилгарм созад.
Тибқи иттилоъи манбаъи мӯътамади Паём як узви аршади гурӯҳи мухолифини мухолифин барои “мубориза бо ҲНИТ ва ҷалби аъзои нав ба гурӯҳаш” 200 000 евро пули нақд мегирад, аммо қисми аъзами ин пулҳоро сарфи айёшӣ менамояд. Албатта ҷалби чанд нафаре ба гурӯҳ сурат мегирад, аммо бидуни сарфи маблағ. Тибқи эътирофи яке аз ин “ҷалбшудаҳо” ба Паём, асосан онҳоро бо нохун задан ба эҳсоси маҳалгароияшон ҷалб кардаанд. Аммо баъди ифшо шудани баъзи ҷузъиёти ҳамкории “лидер”-и гурӯҳ бо КДАМ, ҳамчунин маълум шудани ноӯҳдабароии гурӯҳ, бештари “ҷалбшудаҳо” бо оҳистагӣ ақабнишинӣ кардаанд.
Ду нафар аз аъзои гурӯҳ дар фосилаи 2 сол тавассути яке аз ҳамсоякишварҳо ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон бурда мешаванд (чун вуруди расмӣ ба Тоҷикистон паноҳандагӣ дар Аврупоро лағв месозад) ва мавриди икроми КДАМ қарор гирифта маблағу супоришҳои нав дарёфт мекунанд, аммо коре анҷом дода наметавонанд.
Нафари саввум бо вуҷуди доштани парвандаи қаллобӣ дар Тоҷикистон, дар Аврупо аз тарафи намояндагони КДАМ барои ташкили ҳар гуна созмонҳо маблағгузорӣ мешавад, вале ӯ маблағҳоро асосан барои ниёзи шахсиаш масраф менамояд.
Ҳатто онҳое, ки ихтиёран дар хидмати КДАМ қарор гирифтаанду замони дар кишвар буданашон ҳам бо он ҳамкорӣ мекарданд, баъди расидан ба Аврупо бештар болои он кор мекунанд, ки бақояшон дар кишвари пешрафтаро мустаҳкамтар созанду ба Тоҷикистон бар нагарданд. Дигар барои онҳо мондан дар Аврупо аз дарёфти ризояти Ятимов ё рутбаи нав дар Кумитаи амният болотар меистад.
Ҳоло, тибқи иттилоъи манбаъи Паём, мухолифини мухолифин, ки муваққатан сукутро ихтиёр кардааст ба корҳои дигаре, аз ҷумла шикоят бурдан ба макомоти кишварҳои аврупоиву созмонҳои байналмиллалӣ машғул аст. Сукути муваққатии онҳо метавонад бо ин сабаб ҳам бошад, ки аз ҷониби КДАМ барояшон нақшаи наве фиристода шудааст.
Вале дар гумон аст ин гурӯҳ дигар муваффақ шавад. Ҳади ақал ба он хотир, ки далоили зиёде дар бораи онҳо вуҷуд дорад.
Дар дасти Паём низ чанд далел дар бораи ҳамкории баъзе аъзои ин гурӯҳ, аз ҷумла сабти аудиову видеоӣ вуҷуд дорад, вале мо тасмими нашри онҳоро надорем, магар дар ҳолатҳои хеле зарурӣ. Зеро ба ин назарем, ки бештари ин афрод низ ҷабрдидаанд ва бо шантаж ба ҳамкорӣ ҷалб шудаанд. Сабаби зикр накардани ҳеҷ номе ҳам ба ҳамин хотир буд.
Хулоса, яке дигар аз “пирӯзӣ”-ҳои Ятимов дар асл шикасти сангине аст, ки на танҳо амалиёти чандсолаи ӯро ба сифр баробар сохт, балки сафи мухолифинро аз афроди нолоиқу сустирода пок кард. Ҳамчунин дар ин амалиёт КДАМ як афсари муваффақашро аз даст дод, ки аз ҳамкорӣ бо ин кумита даст кашиду дар Аврупо паноҳанда шуд.
Ҳоло раҳбари КДАМ бо таблиғи худаш дар расонаҳои ватанӣ мекӯшад ҷойгоҳашро дар назди “пешвои муаззам”-аш (иборае, ки худи Ятимов истифода мекунад) боло барад. Ҳамчунин, тибқи маълумотҳои дастраси Паём шуда, Озода Раҳмон, духтари раисҷумҳур ва аз мутақозиёни курсии падараш дар рақобат бо додараш, аз ӯ ҳимоят мекунад. Сабабаи ягонаи ҳимояти Озода Раҳмон аз Ятимовро ин гуфта мешавад, ки ӯ дар муқобили тими қудратмандшудаи додараш касеро ҷуз Ятимову Рамазон Раҳимзода гузошта наметавонад.
Ҳоло ояндаи раҳбари як замон қудратмандтарини КДАМ ба муборизааш бо тими ҷавонони бақудратрасида бастагӣ дорад. Танҳо пирӯзӣ бар тими Рустаму Шоҳрух метавонад ӯро наҷот диҳад. Он ҳам агар “пешво” ба ин пирӯзӣ иҷоза диҳад.