Рубрики Хабарҳо

Путин аз анҷоми басиҷ хабар дод

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 31 октябр дар Сочи гуфт, басиҷи нисбӣ дар Русия ба поён расидааст. Вай қайд кард, ки мутмаин нест, ки дар ин бора фармони махсус лозим аст ё на, менависад «Известия».

“Рости гап, ман дар ин бора фикр накардаам. Ман бо ҳуқуқшиносон сӯҳбат мекунам, ки оё бо фармон эълон кардан лозим аст, ки он ба итмом расидааст. Аммо он тамом шуд, анҷомаш муқаррар шудааст», — гуфт ӯ.

Раҳбари Русия афзуд, 260 ҳазор нафар аз ҷумлаи шаҳрвандони сафарбаршуда дар амалиёти ҷангӣ ширкат намекунанд, балки таълим мегиранд.

Худи ҳамон рӯз Вазорати дифоъ аз қатъи фаъолиятҳо дар доираи сафарбаркунии нисбӣ хабар дод. Намояндаи расмии вазорати дифоъ Игор Конашенков гуфт, омода ва интиқоли даъватномаҳо қатъ шуда, комиссариатҳои ҳарбӣ ба кори худ бармегарданд.

Рӯзи 14 октябр раиси ҷумҳури Русия пешниҳод кард, ки тамоми корҳои сафарбаркунӣ дар давоми тақрибан ду ҳафта анҷом дода шаванд. Худи ҳамон рӯз котиби матбуотии ӯ Дмитрий Песков бар асоси ин суханони сарвари давлат ба хулосае омад, ки сафарбаркунии қисман то охири моҳи октябр ба охир мерасад.

Путин дар бораи оғози сафарбаркунии нисбӣ рӯзи 21 сентябр эълон кард. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу баъдан тавзеҳ дод, ки ин тадбир барои назорат бар қаламравҳои қаблан дар ҷараёни амалиёти вижа дар Украина озодшуда зарур аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *