Ду маъмури пулис Зубайдулло Сангинмуродзода ва Сафар Додаров, ки ба шиканҷаи сокини 38-солаи Душанбе Умед Ҳикоятов, муттаҳам мешаванд, ба ҳеқ куҷо ғайб назадаанд ва ба кори худ идома медиҳанд. Дар ин бора Азия Плюс бо истинод ба манбаъаш ар ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бо ин иттилоъаш марбаъ хабари фирори ин ду пулис аз кишварро, ки қаблан расонаҳо навита буданд, инкор кард
“Шояд сабаби пайдоиши ин овоза сари вақт ба назди муфаттиши додситонии ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳозир нашудани Сангинмуродзода ва Додаров барои додани нишондод бошад” — гуфтааст манбаъ.
Ин ду корманди пулис ба шиканҷа ва берун рафтан аз ҳади ваколатҳои хидматӣ гунаҳкор мешаванд. Нисбати онҳо тибқи моддаи 316, қисми 3-и КҶ ҶТ (берун рафтан аз ваколатҳои хидматӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, ки аз 50 то 100 000 сомонӣ ҷарима ё аз 5 то 10 соли зиндонро бо маҳрум шудан аз ҳақи ишғоли вазифаҳои муайян ва кор крадан дар соҳаҳои муайянро пешбинӣ мекунад.
Латукӯби Умед Ҳидоятов аз тарафи кормандони пулис вокуниши тунди ҷомеъаро ба бор овард. Фаъолони ҷомеъаи шаҳвандӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб мекунанд гунаҳкорон ба сахттарин ҷазое, ки қонун пешбинӣ кардааст маҳкум гарданд.
Гуфтанист, ҳодисаи латукӯби шаҳрванд рӯзи 31 март рух дод. Ду корманди пулис Ҳидоятовро ҳангом пешоб крадан дар соҳиди дарёи Душанбе дастгир намуданд ва ба ШВКД бурда шадидан латукӯб карданд. Дар натиҷа ҳарду тухмдони Ҳидоятов осеб дид, ки табобаташро табибон ғайриимкон номиданд.