“Минбаъд лимити барқ афсона хоҳад шуд” — гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон зимни бакорандозии чархаи аввали Нерӯгоҳи обию барқии Роғун. Аз он замон 2 сол гузашт ва ҳоло аз сардиҳои дар чанд соли охир камназир мардум ба худ мепечад ва афсонаи барқро, аниқтараш барқро хоб мебинад. Ҳам ба маънии маҷозӣ ва ҳам аслӣ. Зеро то дирӯз барқ асосан шабона, замоне, ки мардум хобида буданд, дода мешуд. Шурӯъ аз дирӯз, барқи хонаҳои мардум шабона ҳам қатъ мешавад.
Бархе коршиносон ба ин назаранд, ки имкон дорад зимистони соли 2008-2009 такрор шавад. Он зимистон мардум як моҳи тамом аслан барқро надиданд ва 5-6 моҳ танҳо 3-4 соатӣ чароғҳои хонаашон атрофашро бо мушкил равшан мекард. Бинобар шиддати хеле пасти ҷараёни барқ.
Аз сардиҳои зимистони он сол садҳо нафар ҷон бохтанд ва сабаби аслии марги онҳо набудани барқ дар хонаҳо ва ҳатто беморхонаҳо буд. Набудани барқ дар беморхонаҳо боис шуд ҳазорҳо ҷарроҳӣ мутаваққиф шаванд ва садҳо нафар бо бадтарин дарду азоб ҷаҳонро падруд гӯянд.
Сокинони хонаҳои баландошёна маҷбур шуданд дар хонаҳояшон бухориҳои қадимӣ насб кунанд ва ба ошёнаи 5-уму 6-ум ва 10-уму 15-ум ангишту ҳезум кашонанд. Даҳҳо пиру кӯдак аз сардии хонаҳо ях карда, ҷон бохтанд.
Инак ду моҳ аст, ки лимити барқ ба Тоҷикистон баргаштааст ва рӯз то рӯз бештар мешавад. Агар то ду рӯз пеш интиқоли барқ танҳо рӯзона қатъ мешуд, аз 22 ноябр шабона ҳам барқ нест. Акнун мардум аз соати 5 то 7-и субҳ ва аз 18 то 22-и шаб бо барқ таъмин мешавад. Ҳамагӣ 6 соат! Дар бархе навоҳӣ 5 соат!
Тибқи гузориши Радиои Озодӣ, ҳоло сокинони шаҳраки Чоруқдайрони шаҳри Гулистон ба насби бухориҳои бобоӣ шурӯъ кардаанд. Имкон дорад рӯзҳои наздик сокинони шаҳрҳои дигар низ ба хунукиҳо тоб наоварда бухориҳои қадимиро баъди 11 сол дубора ба баландошёнаҳо баргардонанд.
Қимати ангишту ҳезум ва ҳатто таппак бамаротиб боло рафтааст ва бештари мардум қудрати харидории онро надоранд.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати кишвар ният дорад барои сохтмони Роғун ва бо ҳадафи “маблағгузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳои давлатӣ дар бахши электроэнергетика” боз беш 500 млн доллар қарз гирад. Беш аз ним миллиард доллар. 340 млн доллари он барои идомаи сохтмони неругоҳи Роғун пешбинӣ шудааст.
Ин маблағро ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки аз бонкҳои аврупоӣ — Credit Suisse (Швейтсария) ва Landesbank Baden-Wuerttemberg (Олмон) дарёфт намояд.
Ҳамчунин мақомоти кишвар ният дорад барои лоиҳа оид ба коҳиши талафоти барқ дар вилояти Хатлон $20 млн, лоиҳа оид ба рушди соҳаи электроэнергетика $25 млн ва
лоиҳаи “Таҷдиду барқарорсозии НБО Норак, марҳилаи 2” $50 млн қарз пайдо кунад. Бо назардошти дигар соҳаҳо, барои амалисозии 8 лоиҳа дар умум ҷалби 562 млн доллар дар назар аст.
Ҳамчунин барои марҳалаи аввали таъмири Нерӯгоҳи обию барқии Норак, ки соли 2019 шурӯъ шуд, $350 млн доллар зарур аст, ҳукумат қисмате аз онро дар шакли қарзу грант аллакай дарёфт кардаву дар ҳоли дарёфти қисмати дигараш аст. Барои марҳалаи дуввуми таъмири ин нерӯгоҳ низ боз $350 млн дигар лозим аст. Дар умум $700 млн.
Хулоса, барои ду пружаи барқӣ кишваре, ки то моҳе пеш ҳудуди $200 млн доллар солона аз содироти барқаш фоида мегирифт, мехоҳад $1,3 млрд (!) қарзу грант гирад!
Соли гузашта ҳам ҳукумат бо фурӯши “евробонд”-ҳо барои сохтмони НОБ Роғун $500 млн қарз дарёфт карда буд. Бо дарназардошти он, дар 2-3 сол барои ду нерӯгоҳ ҳукумати Тоҷикистон қариб 2 миллиард доллар қарз мегирад!
Фурӯши евробондҳо дар соли 2019 қарзи хориҷии Тоҷикистонро якбора 20% афзоиш дод ва ба $3 млрд расонд. Ду қарзи бузурги дигар, ки ҳукумат тасмим дорад имсолу соли оянда дарёфт кунад, метавонад боиси афзоиши 50-дарсадии қарзи хориҷӣ гашта, онро ба беш аз $4,50 млрд расонад.
Вале мардум барқ надорад. Мақомот на танҳо сабаби набудани барқро расман шарҳ намедиҳанд, балки ҳар дафъа баҳонаҳои гуногуне пеш меоранд. Як моҳ қабл Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “барқи Тоҷик” гуфта буд, ки қатъи барқ ба таъмирҳои ҷорӣ барои омодагӣ ба зимистон сурат мегирад, то мардум дар сардиҳо аз набудани барқ азият накашанд. Ҳоло сардиҳо фаро раисдаанд ва аз барқ дараке нест. Дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Шабакаҳои барқи Кӯлоб” ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтаанд, ки қатъи интиқоли барқ дар минтақаи Кӯлоб ба камшавии захираи об дар обанбори Норак вобаста аст.
Гуфта шудааст, ки “сатҳи об дар обанбори Норак нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 метр поинтар аст. Бо фарорасии сардиҳо мардум ҳам ба зиёдтар истифода кардани барқ шурӯъ намуданд. Масалан, дар моҳи октябри ҳамин сол сокинони минтақаи Кӯлоб 10 млн кВ/соат зиёдтар дар муқоиса бо соли пешин барқ истифода карданд”.
Мақомот ваъда кардаанд як ҳафта ё аз ҳама дертараш пас аз 10 рӯз вазъият ба эътидол омада, аҳолӣ дар ҳаҷми пурра бо барқ таъмин хоҳад шуд. Яъне дубора лимити барқ барои чанд рӯз ё моҳе “афсона мешавад”.
Моҳи августи соли ҷорӣ, ки чанд ҳафтаи лимити барқ ҷорӣ шуд, мақомот эълон крада буданд, ки сабаби ҷоришавии лимит камбуди об дар обанбори Норак аст, ки 17 метр поёнтар аз сатҳи ҳамин давраи соли гузашта аст. Ин амр боис шудааст интиқоли барқ ба Афғонистон ҳам 90 дарсад камтар шавад.
Сабаби сатҳи поини об дар обанбор ин буда, ки “тирамоҳу зимистони соли 2019-2020 дар минтақаҳои ташаккулёбии маҷрои дарёҳои Вахш ва Панҷ боришоти барф бениҳоят кам буд ва 50 фоизи ҳаҷми солҳои гузаштаро ташкил кард”.
Мақомот ҳушдор дода буданд, ки “агар чунин вазъият идома пайдо кунад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд”, зеро “дар кишвар 50 фоизи барқи истеҳсолшударо аҳолӣ истифода мебарад”.
Бархе аз коршиносон ба ин назаранд, ки ҳукумат он замон ҷои ин ки обанборро пур кунад, ба хотири дар арафаи интихобот ҷорӣ накардани лимит, мардумро пурра бо барқ таъмин кард. Ин боис шуд дар арафаи зимистон сатҳи об дар обанборҳо паст боқӣ монад ва ҳоло, баъди гузаштани интихобот ва шурӯъи сариҳо маҷбур ба ҷорӣ кардани лимит шудааст.
Ду сол қабл Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи писараш Рустами Эмомалӣ мисли як қаҳрамон аз афсонаҳои қадимӣ аз рӯи гулҳои зери пояш рехтаи садҳо духтари ҷавон қадам мезад, то ба минбар бираваду бигӯяд “лимити барқ афсона шуд”. Ин гулпошӣ зери қадами “пешво” намоише буд, ки сад соли охир дида нашудааст ва бояд гуфт, тоҷиконро бори дигар хандахариши ҷаҳониён кард. Мардуми бистучанд сол аз бебарқӣ азияткашида ба хотири баргашти равшанӣ ба хонаҳояш ин масхарабозиро ҳам қурт кард. Балки аксар ҳатто паси экранҳои телевизион ба по шудаву барои “рӯшноиовари замон” кафкӯбӣ намуданд.
Ҳоло он духтароне, ки зери пои “равшангари аср” гул пошиданд, мардуме, ки бо афсонаи барқ аллаашон гуфту барояш кафкӯбӣ карданд, мӯйсафедоне, ки аз масҷидҳо оварда шуданд, то барояш дуъо гӯянд, хонандагону донишҷӯёне, ки як моҳи дароз “марширофка”и ҷашни Роғун карданд на барқ доранд на ҳезуму ангишт ва на ҳатто таппак ва аз хунукӣ меларзанд, аммо на “бунёдгари Роғун” ва на ҳеҷ аз мақомоташ ба мардум шарҳ намедиҳад, ки лимити афсонашуда чаро баргашт?
Худи накунад, ки худи барқ афсона шавад.