Рубрики Хабарҳо

Боздошти бештари тоҷикон дар Русия бо иттиҳоми ифротгароӣ: Фаъолияти бештари ДОЪИШ ё дасти мақомоти Тоҷикистон дар »тоҷикшикор»?

 

Шаке нест, ки гурӯҳҳои ифротӣ ва мусаллаҳ қисми зиёди нерӯҳои худро аз байни муҳоҷирин пайдо мекунанд. Шароити бади кору зиндагӣ, маҳрумият аз ҳуқуқҳои аввалия дар ватани худ ва кишвари мизбон ва инчунин, таблиғоти густарда дар шабакаҳову расонаҳо боиси гаравидани гурӯҳе аз ҷавонони муҳоҷир ба сафи гурӯҳҳои мусаллаҳ гаштааст.

Бояд гуфт, ки ҷавонони тоҷик ҳам истисно нестанд ва танҳо соли гузашта, пас аз сиёсатҳои саркӯбгароёнаи ҳукумати Тоҷикистон зиди мухолифин ва маҳдуд кардани озодиҳо дар умум, пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ бештар гашт. Табиист, ки Русия ва кишварҳои мизбони муҳочирин наметавонанд нисбати ин раванд бетараф бошанд, зеро он бевосита ба амнияти миллии ин кившарҳо ва кули минтақа рабт дорад. Бинобар ин, корҳои пешгирӣ, ошкор кардан ва ҳатто ҳабсу муҳокимаи ингуна афродро метавон ҷузъи иқдомхои саривақтӣ ва лозимии мақомот донист.

Аммо, вақтҳои охир коршиносон қисми зиёде аз ин » чораҳои пешгирӣ», ба хусус боздошти шумори зиёде аз гумонбаршудагонро ба иттиҳоми узвият дар чунин гурӯҳҳо зери суол мебаранд. Аз ҷумла, боздошти шумори зиёде аз тоҷиконро, ки вақтҳои ахир табдил ба як кори рӯзмарраи мақомоти қудратии Русия гаштааст. Нуқтаи хеле муҳим ва қобили таваҷҷӯҳ дар ин масъала он аст, ки ҳамеша мақомоти Русия ишора ба »ҳамкории ҳамкорони тоҷики худ» дар масъалаи »ошкор кардан»-и ин афрод мекунанд. Ба ибораи дигар, даст доштани мақомоти тоҷикро дар »тоҷикшикор» инкор намекунанд, балки омили аслӣ медонанд.

Пас аз нашри хабари ахир, ки дар Русия рӯзи 15 -уми декабри 2016 се тоҷики дигар бо иттиҳоми узвият дар ДОЪИШ ва омода кардани амалҳои терорристӣ боздошт шуд, мо ба яке аз коршиносони масоили амниятии минтақа ва корманди собиқадори маҷомоти қудратӣ барои шарҳи ин мавзӯъ муроҷиат намудем. Ӯ бо шарти ошкор нашудани номаш шарҳи зеринро ба мо фиристод, ки тарҷумаи тоҷикиашро дар зер хоҳем овард ва бовар дорем, ки барои хонандагон муфид ва ҷолиб хоҳад буд.

»Пеш аз ҳама, бояд эътироф кард, ки чунин мушкили вуҷуд дорад ва мақомоти қудратии ҳамаи кившарҳо бояд корҳои пешгириро анҷом диханд. Ман ҳамчун мутахассиси ин соҳа ва нафаре, ки солҳои охир мавзӯъро пайгирӣ мекунам, бо боварӣ мегӯям, ки агар ин иқдомҳо намебуданд, шумори бештаре аз шаҳрвандони муҳоҷири кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯзҳо дар Ховари Миёна буданд. Ҳамзамон, бояд эътироф кард, ки маҳз сиёсатҳои иштибоҳии кишварҳои минтақа нисбати мардуми худ, ба хусус маҳдуд кардани озодиҳои динии мардум, гаравидани ҷавононро осонтар мекунанд. Инҷо ман масъулиятро бештар ба дӯши ҳукуматҳои минтақа мемонам, ки ҳам боиси рушди ифротгароӣ ҳастанд ва ҳам худашон баъдан алайҳи маҳсули кори худашон мубориза мебаранд.

Сониян, нисбати муҳоҷирини кишвари шумо, ки вақтҳои охир »қахрамонони» аксари хабарҳои доғ дар мавзӯъи боздошти ифротгароён ҳастанд, ман ду нигоҳ дорам. Яке, вуҷуди тамоюли зиедшавандаи рӯҳияи ифротӣ байни муҳоҷирин, ки сабабҳояш гуногунанд ва инҷо зарурати оварданашон нест. яъне, ин гароиш метавонад боиси пайвастани афроде ба ин гурӯҳҳо шавад, ки ба мақомоти қудратӣ ҳақ медиҳад онҳоро боздошт ва муҳокама кунанд. Дуюм, суйистифода аз ин вазъият, ки тақрибан ҳамаи кишварҳои минтақа ба он роҳ медиҳанд. Ба хусус, Тоҷикистон, ки »мубориза бар зиди ифротгароиро» ба як василаи муваффақи худ дар мубориза алайҳи мухолифон карор додааст ва кишварҳои минтақа, ҳатто ғарбиро ҳам аз шаҳрвандони худ метарсонад. Ин сиёсат то имрӯз барои худи роҳбарони кишвари шумо натиҷаи хуб додааст ва ҳам Русияву Ғарб, ки барояшон амнияту суботи минтақа рӯз то рӯз аҳамияти бештар пайдо мекунад, дар пайи воқеъӣ будан ё набудани ин сиёсати ҳукумати шумо намегарданд. Аммо дар дарозмуддат, ин сиёсат бар зарари давлати шумо ва ҳатто худи роҳбаритяи имрӯза хоҳад шуд. Вақте ба миллати шумо дар хориҷ ҳамеша бо шубҳа нигох мекунанд, ин таъсири худро дар тамоми самтҳо хоҳад гузошт. Вале, ҳукумати шумо ҳоло дар фикри осоиштагии мардумаш дар Русия ё ҷойи дигар қариб ки нест, бештар дар фикри он аст, ки бо кадом роҳ кӯмаки бештари низомиву амниятиро соҳиб шавад. Ҳамзамон, бо дасти мақомоти Русия ё ҳар кишвари дигар заъиф кардани мухолифини худ, барояш арзонтар ва осонтар аст. Агарчӣ ин ба қимати баланд, яъне, беобрӯ кардани миллат тамом ҳам шавад.

То ҷое ман огоҳам, мақомоти Тоҷикистон натавонистанд ҷомеъаи ҷаҳониро дар масъалаи ифротӣ будани ҳизбҳои сиёсии мухолифи кишваратон мутақоид кунанд, ба хусус Ҳизби наҳзати исломиро. Эҳтимол меравад, ки доимо рӯйхат додану сиёҳ кардани шаҳрвандони худ ба мақомоти Русия ҷузъи сиёсати калонтар бошад ва ҳатто метавонанд, гурӯҳеро ҳам боздошт кунанд ва онро ба баъзе ҳизбу ҳаракатҳои дохилии шумо ҳам рабт бидиҳанд. Хабарҳое ки мо дорем, ҳикоят аз он мекунанд, ки роҳбарияти Тоҷикистон мехоҳад ба Маскав ва дигар ҳукуматҳо нишон диҳад, ки дар кишвари шумо мухолифини мӯътадил нест, ҳамаашон ифротиву террорист мебошанд. Агар фардо чунин гурӯҳеро »ошкор» ва дастгир карданд, ман шахсан таъаҷҷуб намекунам.

Нуқтаи сеюм ва муҳим ки ба ин масъала рабт дорад, фасодзадаги байни мақомоти қудратии ҳамаи кившарҳои минтақа ва давидан аз пайи »натиҷа» ( результат) байни кормандони соҳа мебошад. Охири сол зиёд шудани чунин боздоштҳо ҳам ба он рабт дорад, ки солро бо натиҷаи хуб ҷамъбаст кунанд. Дар чунин шароит тавсияи ман ба мухочирини орому бегуноҳи шумо ин аст, ки аз ҳама шубҳаҳо худро дур кунанд, то ба осонӣ рақами навбатӣ дар ҳисоботи охири сол нашаванд.»

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *