Мақомоти Туркманистон гуфтанд, натоиҷи интихоботи рӯзи якшанберо эълон карданд. Тибқи он дар ин интихоботи пешазмӯҳлати раёсатҷумҳурӣ, ки 9 “довталаб” ширкат доштанд, Сардор Бердимуҳаммадов, писари раисҷумҳури феълӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, бо касби ҳудуди 73 дарсади овозҳо баранда шудааст.
Рақибони Сардор аз як то ёздаҳ дарсад овоз гирифтаанд. Мухолифини Бердимуҳаммадов, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, мегӯянд ҳеҷ интихоботе дар ин кишвар интихобот нест ва натиҷаҳо бо хости ҳукумат дасткорӣ мешаванд. Туркманистон баъди Кореяи Шимолӣ бастатарин кишвари ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Коршиносон интиқоли қудрат аз падар ба фарзандро дар Қазоқистону Тоҷикистон тахмин мезаданд, аммо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз ҳамтоёни қазоқу тоҷикаш пешӣ гирифт ва қудратро бидуни сарусадо ба писараш вогузошт.