Маҷлиси Сенои Амрико буҷаи 717 миллиард долларии вазорати дифоъи ин кишварро барои соли молиявии 2019 тасвиб кард.
Сенои Амрико буҷаи 717 миллиард долларии вазорати дифоъи ин кишвар (Пентагон)-ро барои соли молиявии 2019 бо 87 раъйи мувофиқ дар баробари 10 раъйи мухолиф тасвиб кард.
Ин буҷа шомили 639 миллиарду сад миллион доллар буҷаи аслӣ, 8.9 миллиард доллар барои вазорати энерҷӣ ва масорифи иҷборӣ ва ҳамчунин 69 миллиард доллар барои буҷаи амалиёти хориҷӣ аст.
Пентагон бо интишори баёнияе зимни эъломи хурсандии Ҷеймс Меттис, вазири дифоъи Амрико аз тасвиби буҷа, аз афзоиши тақрибии 15 ҳазору 600 нафарии теъдоди сарбозони ин кишвар дар пайи тасвиб ин қонун хабар дод.