Аз ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми гитлерӣ 80 сол сипарӣ мешавад. Барои расидан ба ин Ғалаба саҳми фарзандони диловари тоҷик низ кам нест. Аз 17 нафар иштирокчии ҶБВ, ки феълан дар кишвар зиндагӣ мекунанд, яке Нозим Носиров аст, ки дар деҳаи Навободи ҷамоати Далёни Болои ноҳияи Деваштич зиндагӣ мекунад.
Хабарнигори мо дар арафаи таҷлили Иди Ғалаба ба аёдати ин қаҳрамони 100-солаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафт…
Наврасе, ки ба ҷанг рафт…
Нозим Носиров соли 1925 дар деҳаи Навободи ноҳияи Деваштич таваллуд шудааст. Мавсуф ҳанӯз 15 сол дошт, ки аз падар маҳрум мемонаду ҷанги хонумонсӯз оғоз меёбад. Қаҳрамони мо дар ин синну сол ба ҳифзу ҳимояи Ватан меравад. Ӯро ҳамроҳи 16 нафар ҳамдеҳагонаш ба мактаби ҳарбии вилояти Самарқанд мебаранд.
“Дар мактаби ҳарбии Самарқанд мо як муддат асос ва усулҳои ҷангро омӯхтем. Моро дар он ҷо бо либосҳои ҳарбӣ таъмин намуда, баъди омӯзиши кӯтоҳмуддат ба ҷанг сафарбар карданд. Ман пулемётчӣ будам. Ҷанг беист давом мекард. Шабонгоҳон бо навбат 2 соатӣ дар ҳолати омодабош хоб мекардем, агар мабодо садои тиру туфанг шунида шавад боз ҳама мавқеъҳои худро мегирифтем. Ҳар лаҳзаи ҷанг азоб буд бо вуҷуди ин ҳама аз як гиребон сар бароварда меҷангидем, то ғалаба ба даст орем,” – аз замони наҳси ҷанг қисса кард ҳамсуҳбати мо.
Қаҳрамони мо бар зидди фашизм то Финландия, Ҷопон ва Олмон рафта ҷангидааст. Ӯ бо пулемёташ ҳазорҳо душманро торумор намуда, ҳазорҳои дигарро захмӣ кардааст. Бобои Нозим ҳам дар рафти ҷанг ду маротиба аз гардан ва дасташ захм бардошта ба госпитал (беморхонаи ҳарбӣ) хобидааст. Захмҳоро “ҷароҳати сабук” ташхис гузошта, ӯро боз ба ҷанг сафарбар кардаанд. Алҳол қаҳрамони мо маъюби гурӯҳи дуввум мебошад.
Хотираи талхи ҷанг
Нозим Носиров мегӯяд боре дар натиҷаи шикастани яхпораҳо оби дарё баланд шуда, ҳазорҳо душман ва ҳазорҳо сарбозони артиши Шӯравӣ ба ҳалокат мерасанд. Ба гуфти ҳамсуҳбати мо сарбозон дар фасли зимистон азоби бештар мекашиданд. Зеро барф то зону мебаромаду роҳ рафтан душвор буд. Бар замми ин ҷое набуд, ки худро гарм карда пойафзолу либосҳоро хушк созанд.
“Вақте замони ҷангро ёд меорам, дар баданам мурғак медамаду аз чашмонам ашк мешорад. Манзараи даҳшатбори ҷанг, ҷасади ба хоку хун оғуштаи ҷавонони аз ширинии ҳаёт лаззат набурда пеши назарам меояд. Як нафарро мебинед, ки захм бардоштааст, каси дигар аз пояш маҳрум, саввумин бошад дар ҳоли ҷонканӣ қарор дорад. Лаҳзаҳое, буд, ки ҳатто нони хушк барои хӯрдан набуд. Шояд ба воқеаҳое, ки мо аз замони наҳси ҷанги бузурги ватанӣ ёд меорем бовар накунед, бале боварнакарданист вале ҳақиқат аст!”, – гуфт қаҳрамони ҷанг.
Назар ба гуфти ҳамсуҳбати мо ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар зидди фашизм дар иттиҳоду ҳамбастагии мардуми шӯравӣ буд. Зеро ҳама аз як гиребон сар бароварда меҷангиданд. Бобои Нозим мегӯяд ба ин давраи сериву пурӣ, тинҷиву оромӣ ва субҳи бо сулҳу шоми ба салоҳ ҳазорҳо не, ҳар лаҳза бояд шукр кард.
Модари чашм ба роҳ
Замоне, ки Нозим Носиров ба ҷанг рафт модараш бо се духтари хурдсол танҳо монда буд. Бори вазнини зиндагӣ дар давраи сангин ба дӯши модари танҳо буд. Модараш Ойимҷон Шарипова дар колхоз кор мекарду қути лоямуте ёфта, духтаронро мехӯронд ҳатто ба рӯзи мабодо захира мекард. Зеро барои зинда баргаштани писараш умеде набуд.
“Модарам ба хоҳаронам кам-кам нони ҷавин ё мулкак (донагие, ки бо гандум ҳамроҳ карда орд мекунанду нон мепазанд) медоданд. Аксар вақт ба ҷойи хӯрок атола мехӯрдаанд. Хоҳаронам мегӯяд модарам моро намегузошт, ки дар хона хоб кунем “писарам дар гарму сард меҷангад мо дар хона хоб намекунем” мегуфт,”- иброз дошт қаҳрамони мо.
Ойимҷон Шарипова ду маротиба писарашро кофта ба вилояти Самарқанд рафтааст. Ӯ нон ва меваҳои хушк гирифта пиёда ба аёдати писар меравад вале писарашро ёфта наметавонад. Нонҳои ҷавини бурдаашро ба сарбозон тақсим мекунад. Билохира соли 1945 баъди ғалаба писараш бо сари баланд ба деҳа бармегардад.
“Модарам барои фурӯхтани тухм ба бозорчаи ҷамоат мераванд. Вақте хабари зинда баргаштанамро мешунаванд як сатил тухмро ба аҳли бозор ҳадя мекунанд. Модарам 5 сол чашм ба роҳ дар интизории ман буд. Фикр мекунам занону бонувон ҳатто маъюбон дар замони ҷанг қаҳрамонӣ нишон доданд. Ҳатто кӯдакони гаҳвораи замони ҷангро қаҳрамон гӯем хато намекунем. Зеро ҳама азобу уқубати ҷанги хонумонсӯзро бо сабру шикебоӣ таҳаммул намуда, бо меҳнати шабонарӯзӣ фронтро таъмин карданд. Агар мо дар майдони ҷанг бар зидди фашизм биҷангем онҳо зидди гуруснагиву қашшоқӣ мубориза мебурданд,”- гуфт бобои Нозими 100 сола.
Қадрдонии иштирокчиёни ҷанг
Нозим Носиров барои қаҳрамониҳояш дар майдони ҷанг бо медали “Ғалаба бар Германия”, медали “Ҷанги бузурги Ватании соли 1945”, медал “Барои хизматҳои шоён”, Ордени “Сталин” ва 8 медали ҷашнӣ мукофотонида шудааст. Ҳамасола аз ҷониби ҳукумати ноҳияву вилоят дар ҳар иду ҷашн хоса Иди Ғалаба ба аёдати ӯ меоянд. Ҳамасола бахшида ба рӯзи Иди Ғалаба мукофоти пулии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба ӯ мерсад…
Қаҳрамони мо имрӯзҳо дар ҳалқаи 10 фарзанд (аз 11 фарзандаш яке фавтидааст), 60 набера ва 20 абера давраи пирӣ меронаду барои сулҳу суботи кишвари азизамон Тоҷикистон ва тинҷиву оромии кулли ҷаҳон дуо мекунад.
Абдуғаффор Шодиев,
вилояти Суғд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube