Рубрики Хабарҳо

Шарт ба раисони маҳалла: ё як аскар ё 2000 сомонӣ

Дар Тоҷикистон усули нави пулҷамъкунӣ аз мардумро бо истифода аз мавсими даъват ба артиш кашф кардаанд. Мақомот аз раисони маҳалла талаб мекунанд, ки ё як нафар ҷавонро аз маҳаллашон ба аскарӣ фиристанд ва ё 2000 сомонӣ супоранд.

Дар гурӯҳи “Ахбор барои афкор” масъули он Раҷаби Мирзо мактуби як сокини ноҳияи Ҳисорро нашр кардааст, ки аз чунин усули пулситонӣ хабар медиҳад. Ӯ навиштааст “дар ноҳияи Ҳисор, ҷамоъати Мирзо Турсунзода (пештара Карамкул) комиссариати ҳарбии ноҳия аз раисони маҳалла талаб доранд, ки ё 1 аскар меорӣ ва ё 2000 сомонӣ. Ҳол он ки раисони маҳалла аз давлат маош намегиранд”.

Чуноне ки аз шарҳҳои навишташуда зери ин хабар маълум мешавад, ин як усули роҳандозишуда дар тамоми кишвар аст. Маҳмуд Рабизод, ки зоҳиран сокини ноҳияи Масчо мебошад, навиштааст “ин кор дар ҳама ҷо ҳаст”.

Ғолиб Усмониён, корбари дигар, ки тибқи маълумоти саҳифаи фейсбукиаш аз шаҳри Хуҷанд аст, аммо дар пасманзари аксаш аксе аз деҳаи Ворух гузоштааст менависад “ин кор дар шумо тоза мӯд шуд? Дар мо кайҳост, ки ин кор пеш меравад”.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқ менависад, ки дар Ғарм 1000 сомонӣ талаб мекунанд.

Мавсими имсолаи даъват ба аскарӣ усулҳои зиёди ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба сафи артиш ва ришваситониро ошкор кард.

Корбаре бо номи Салмон Ҳакимов навиштааст, дар Душанбе мақомот ба имомхатибон таҳдид кардаанд, ки агар як нафар аз ҷамоъати масҷид ба артиш наравад, масҷидро бори аввал 12000 сомонӣ ҷарима мебанданд, бори дуввум фаъолияташро манъ мекунанд.

Тибқи гузориши сомонаи “Ахбор”, рӯзи ҷумъа, 26 апрел, бо фармони раиси Нуробод Ҳасани Дӯстзода, дар ягон масҷиди ноҳияи Нуробод намози ҷумъа доир нашуд. Мақомоти ноҳия гуфтаанд, намози ҷумъа танҳо баъди иҷрои нақшаи даъват ба саффи қувваҳои мусаллаҳ иҷозат дода хоҳад шуд.

Дар ҷамоъати Лангари ноҳияи Мӯъминобод бошад, масъулон таҳдид кардаанд, ки дар сурати иҷро нашудани нақшаи даъват майдончаи варзиширо ба киштзор табдил медиҳанд.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *