Баъди ду рӯзи суқути қурби рубл дар бурсҳои ҷаҳонӣ, Бонки миллии Тоҷикистон қурби ин асъор нисбати сомониро ҳудуди 5 дарсад поин бурд.
Қурби рубли русӣ рӯзи сешанбе, 10-уми март дар нишондиҳандаи Бонки миллӣ дар сатҳи 0.1413 сомони/1 рубл қарор дошт ва имрӯз, 11-уми март БМТ онро 0.1346р/1с сомонӣ муқаррар кардааст.
Гуфтанист, пас аз афтиши қимати нафт юар бозорҳои ҷаҳон рузи 9 март қурби рубл якбора 15 дарсади қимати худро аз даст дод ва ба 75 рубл/1 доллар расид. Дирӯз, баъди шурӯъ ба кор кардани бурси Маскав рубл бахше аз қимати аздастдодаи худро баргардонд ва дар сатҳи 72 рубл/1 доллар қарор гирифт.
Дар ду рӯзи хомӯшии Бонки миллӣ, бонҳои кишвар қимати хариди рублро 0,128 сомонӣ муқарра карда буданд ва ҳоло то 0,1130 сомонӣ боло рафтааст. Ҳафтаи гузашта ба ивази 1 рубл 0, 145 сомонӣ дода мешуд.