Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин (Аслов), ки барои иштирок дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ба Брюссел рафтааст, дар як нишасти матбуотӣ ба вуҷуди куштор дар зиндони Хуҷанд эътироф кард.
Аммо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон айбро ба зиндониёни кушташада гузошт ва эълон кард, ки дар исёни 21 ошӯбгар «безарар гардонида шуд». Ӯ гуфт, аксари ошӯбгарон афроди маҳкум ба терроризм, аз ҷумла пайравони гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» буданд.
«Дар ин ҳодиса 21 ошӯбгар безарар гардонда шуданд. Маъмурони зиндон дар аввал хостанд, ки онҳоро ба муколама даъват кунанд, вале онҳо ба муқовимати худ идома дода, хостанд, аз маҳбас фирор намоянд. 12 нафар аз ошӯбгарон ба ҳайси узви ДИИШ дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок кардаанд. 3 нафар узви гуруҳҳои ифротиву террористии “Ансоруллоҳ”, Ҳаракати исломии Узбекистон ва Ҷундуллоҳ ва шаш нафари боқимонда маҳкум ба ҷиноятҳои вазнине ба мисли роҳзаниву куштор ва қочоқи маводи мухаддир буданд», — Изҳор кард ӯ.
Дар ҳамин ҳол Сироҷиддин Муҳриддин шарҳ надод, ки чаро алайҳи зиндониёни бесилоҳ силоҳи оташфишон истифода шуда, ин миқдор зиндонӣ кушта ва захмӣ шудаанд.
Бо вуҷуди шавоҳиди зиёд, ки шумори кушташудагони зиндони рақами 3-и Хуҷанд бештар аз 50 нафаранд, Сироҷиддин Муҳриддин шумори онҳоро 21 нафар эълон кардааст. Ҳади ақал се расона бо истинод ба манобеъи мӯътамад ва гуногунашон иттилоъ додаанд, ки шумори кушташудагон ҳудуи 50 нафар аст: “Ахбор” бо истинод ба манбаъаш аз ба хок супорида шудани ҳади ақал 47 нафар хабар дод. “Паём” ҳам нафишт тибқи иттилоъи манбаъаш дар додситонии вилояти Суғд 53 нафар кушта ва 186 нафар захмӣ гаштаанд. “Озодӣ” навишт хабарнигораш дар идораи мақомоти иҷроияи вилояти Суғд рӯйхатеро мушоҳида кардааст, ки дар он ному насаби ҳудуди 50 нафар кушташудаи зиндони Хуҷанд зикр шуда буд.
Қаблан мақомоти Иттиҳодияи Аврупо гуфта буданд, бо ҷониби Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳо, аз ҷумла риояи ҳуқуқи башар гуфтугӯ намуда, масъалаи ошӯб дар зиндони Хуҷандро баррасӣ кардаанд.