Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти ҳайатҳои Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон доир шуд. Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд минбаъд аз истифодаи силоҳ дар муноқишаҳои марзӣ пешгирӣ шавад.
Пас аз муноқишаи ду рӯз пеш, ки дар натиҷа бист сарбози қирғиз се як афсар ва ду сарбози тоҷикро дар қаламрави Тоҷикистон боздошт ва латукӯб намуда ба қаламрави Қирғизистон бурданд, раҳбарони ниҳодҳои марзбонии ду кишвар, масъулони ниҳодҳои марзбонии Суғду Бодканд ва ҳамчунин намояндагони додситониҳои ҳарбии Тоҷикистону Қрғизистон дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) нишасти дуҷониба баргузор карданд.
Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳанӯз аз ин мулоқот иттилое пахш накардааст, вале Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ҷузъияти ин мулоқот ва натиҷаҳои онро рӯзи 7-уми июн бо нашри изҳорот, шарҳ дод. Тибқи иттилои ин манбаъ, аз ҷониби Тоҷикистон дар ин мулоқот фармондеҳи Нерӯҳои марзбонӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва аз ҷониби Қирғизистон раиси Хадамоти давлатии марзбонии ин кишвар Уралбек Шаршеев ширкат карданд.
Дар натиҷаи гуфтугӯи дуҷониба, ҳар ду ҷониб муваззаф шуданд, ки аз истифодаи силоҳ дар муноқишаҳои марзӣ пешгирӣ кунанд. Ҳамчунин марзбонҳо дар сурати рух додани муноқиша дар марз, аз гирифтани ҳар гуна иқдоми ҷиддие то расидани намояндагони мақомоти марзбонии ду кишвар манъ карда шуданд.
Марзбонони ду кишвар ба тавофуқ расиданд, ки дар сурати истифода аз силоҳ, ё расонидани зарари ҷисмонӣ ба марзбонон, дар таҳқиқи онҳо ба ниҳодҳои тафтишотӣ кӯмак кунанд.
Бегоҳи 4 июн дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон, ки бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон ҳамсарҳад аст, се марзбони тоҷик аз тарафи марзбонони қирғиз боздошт ва ба қаламрави Қирғизистон бурда шуданд.
Ин боздошт дар натиҷаи муноқиша байни марзбонҳои тоҷику қирғиз сурат гирифт, ки наздик ба тирпарронӣ ба сӯи ҳамдигар шудаанд.
Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ин ҳодисаро «иғво»-и навбатии аз пеш барномарезишуда номид.
Аммо Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон марзбонони тоҷикро гунаҳкор мекунад. Ин ниҳод дар иттилоияи расмиаш гуфтааст, бегоҳи 4 июн, соати тақрибан 17 марзбонони тоҷик шаҳрвандони Қирғизистонро, ки дар қитъаи «Майдони футбол» бозор дуруст карда буданд, ронданд. Баъди ин ҳодиса гурӯҳи марзбонони қирғиз ба он ҷо омада, бархӯрди марзбонони тоҷик ба шаҳрвандони Қирғизистонро таҳқир ҳисобида, бо марзбонҳои тоҷик вориди муноқиша шуданд.
Марзбонҳои қирғиз он маконро қаламрави Қирғизистон номида аз ҳамтоёни тоҷикашон талаб кардаанд он маконро тарк кунанд. Баъди иҷро накардани ин талаби қизғизҳо аз тарафи тоҷикон, марзбонони қирғиз тоҷиконро иҳота ва халъи силоҳ карданд.
Бори аввал нест, ки марзбонону шаҳрвандони тоҷик ба ин шакл таҳқир мешаванд. Қаблан дар як наворе, ки шаҳрвандони Қирғизистон нашр карда буданд, дида мешуд, ки афроди ғайринизомӣ шаҳрвандони тоҷикро мехоҳанд дастгир карда, халъи силоҳ кунанд.