Вазири умури хориҷаи Эрон бо раисҷумҳур, вазири умури хориҷа ва вазири иқтисоди Фаронса дар шаҳри Биарриси ин кишвар дидор кард.
Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз дар як сафари ғайримунтазира ворид шаҳри Биаррис шуда ва бо раисҷумҳур, вазири умури хориҷа ва вазири иқтисоди Фаронса дидор кард.
Вай бо интишори матлабе дар сафҳаи расмии худ дар твиттер дар бораи ин дидор навишт: Роҳи пешорӯи мо сахт аст аммо арзиши талош барои тай кардан дорад.
Зариф ҳамчунин эълом кард, ки дар ин дидор мақомоти Олмон ва Англис низ ҳузур ёфтаанд.
Вазири умури хориҷаи Эрон ба ҳамроҳии ин паёми твиттерӣ аксе аз дидори мазкурро низ мунташир кард.
Гуфтанист чиҳилу панҷумин иҷлоси сарони гурӯҳи ҳафт кишвари санъатӣ мавсум ба G7 рӯзи гузашта бо ҳузури раҳбарони Амрико, Олмон, Англис, Япония, Канада, Италия ва Фаронса дар Биарриc оғоз шуд.
Дар ин нишаст масоиле монанди мубориза бо табъизи амният, тағйироти обуҳавоӣ, хушунат алайҳи занон ва баробари ҷинсӣ, таҳаввулоти марбут ба Украина, Сурия, Эрон ва Брекзит баррасӣ мешавад.
Аббос Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон низ имрӯз бо интишори паёме дар твиттер эълом кард: Ба даъвати Ле Дриан, вазири умури хориҷаи Фаронса, доктор Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи кишвармон барои идомаи ройзаниҳо дар хусуси ибтикороти ахир миёни руасои ҷумҳури Эрон ва Фаронса, вориди шаҳри Биаррис маҳалли баргузори иҷлоси сарони Гурӯҳи ҳафт шуд.
Вай дар ин паёми твиттерӣ ҳамчунин таъкид кард, ки Зариф дар чорчӯби ин сафар бо мақомоти амрикоӣ мулоқот ё музокирае анҷом нахоҳад дод.