Рубрики Хабарҳо

Ҳаст ягон телефон мекардагӣ?

Чанд сол қабл ин ибораро аксари мардум хусусан ононе ки телевизиони маҳаллиро тамошо мекунанд, гӯш карданд. Духтараке аз Ишкошим ба ном Алиқулова Наврӯза даст ба пеш назди раисҷумҳур баромад мекард. Раисҷумҳур аз маоши ӯ пурсон шуд ва аз кору таҷрибаи ин духтар пурсид, сипас «туй кай, туй туй?» гуфтани Раҳмон ҳама ба ханда ва қарсакзанӣ шурӯъ карданд. 

— Туй кардӣ хабар кун!

— Ҳаст ягон каси телефон мекардагӣ? — пурсид Раҳмон. Боз толорро овози ханда ва қарсак гирифт. 

— Мутаассифона — гӯён хандида ҷавоб дод духтар.

— Иншоллоҳ ана ҳамин баромади шумора дар телевизион метием, дигар занги телефон тамом — гӯии Раҳмон ва боз хандаву қарсаки толор…

— Як ҷаҳон як ҷаҳон ташаккур ба волидонат ки чунин духтари боиффат ва соҳибмаърифатро тарбия кардааст. 

Ин буд фишурдаи он гуфтугӯ.

Ба ҳамин наздик моҷаро чанд рӯз қабл дар Хуҷанд такрор шудд. Духтаре ба номи Гулбаҳор даст болои сина истод. 

— Духтарҷон Душанбе намерӣ таҳсил кунӣ?

Духтар не гуфта натавониста забон хоид.

— Чаро ин қадар хароб ҳастӣ? Дар гурӯҳатон чанта духтар ҳастан?

— 27 духтар 5 писар.

— Ооо писарои хушбахт будиян — лаб лесид раисҷумҳур. 

— Домодшаванда ҳаст? — гуфтани Раҳмон боз қарсаку ханда толорро пахш кард

— Нест – гуфт духтар.

— Телефонда нест? — гуфт Раҳмон.  Боз хандаву қарсак.

— Нест, ман ҳоли фикри шавҳаркунӣ надорам, курси чорум мехонам — гуфт духтар.

— Чаро? Курси чорумда таҳсил мекунӣ, тӯй ки кардӣ, баъди хатм якта писар таваллуд мекунӣ.

Боз хирагӣ карда бори дуввум пурсид: — Душанбе намерӣ таҳсил кунӣ?

— Ному насабатона навишта гирифтам, моро туйда хавар кун, аз маоши худам мекунам — гуфта ибораи машҳури «Як ҷаҳон ташаккур» суханро хотима бахшид.

Як дарди дигари Раҳмони нарсист ин аст, ки байни тӯдаи занҳо суратгириро дӯст медорад. Ин амал дар равоншиносӣ «уқдаи равонии наргисӣ» ном дорад. Ин бемории худшефтагист. Сабаби ном гирифтани уқдаи наргисиро дар устураҳои юнонӣ бояд ҷуст. Норсис ё Наргис писари худое ба номи Кефис ва Лириоп буд. Ӯро барои нӯшидан ба лаби дарё мебаранд ва ӯ акси худро дар об дида, ошиқи худ мешавад ва барои бӯсидану ба оғӯш кашидан ба об меҷаҳад ва ғарқ мешавад. Худоёни юнонӣ ба поси ин нокоми ӯро ба гули наргис табдил доданд, ки дар лаби об рӯида, худро назора карда, ба худ ишқ меварзад.  

Боз гардем ба сари «гаппартоии» аланӣ ва онлайнии раиси давлате ба як шаҳрванди заиф ва бечора ки бе ин ҳам дар байни анбӯҳи мардум хиҷолатзада аст. 

Оё шахси аз ҷиҳати ақлӣ ва равонӣ солим метавонад ба духтари тоҷик, дар ҳоле ки аксари мардуми тоҷик муҳофизакоранд, байни анбӯҳи мардум ва дар барномаи телевизионӣ «гаппартоӣ» кунад?

Инро низ аз назари равонӣ таҳлил кунем, мебинем ки ин корро танҳо инсоне мекунад ки ба гирифтори бемории нимфофилия ва ё эфебофилия аст.

Дар ҷомеаи муҳофизакори тоҷик ин корро кардан чӣ маъно дорад?

Раҳмон бо ин мехоҳад гӯяд, ки ман ҳамаи урфу одати шуморо зери поям гузоштаам.

Ман ва танҳо манам ки барои шумо чизе хоҳам талқин мекунам ва чизе нахоҳам бароятон манъ мекунам.

Ҳаст ягон телефон мекардагӣ? Ин ҷумлаи хатарнок, ки ошкор ба майдони фаҳш мекашад, дар ҷомеаи мо набояд қобили қабул бошад.

Маро бисёртар бархӯрди мардуми толор дилсард кард, ки ҳар бор Раҳмон «гаппартоӣ» мекард, хандаву қарсак толорро фаро мегирифт. Яъне як нафар урфу одати миллионҳо тоҷикро зери по кардаву номуси онҳоро «онлайн» таҷовуз мекунад… Ҳама хандаву қарсак мезананд. 

Як худкома ба ақли миллионҳо мардуми мусалмони тоҷик хандида истодаасту даст ба номуси онҳо дароз карда истодааст. Тасаввур кунед, агар ин «гаппартоиҳо» дар як ё ду толор бо хандаву қарсак неву, бо «эээээ»-и тааҷуб ва ё «ҳеее»-и таҳқир ва ё камтар аз ин бо хомӯшӣ пешвоз гирифта мешуд, ӯ дигар ҷуръати пурсидани саволҳои фач намекард. На ба харобиву фарбеҳии духтар кордор мешуду на ба шӯдориву надоштанаш ва на ба телефон шудан ва ё нашудан. 

Мардум, бедор шавед! Ин нафар оҳиста-оҳиста на танҳо сиёсату иқтисоди давлатро аз худ кард, ӯ дорад дар пайи номуси моро аз худ кардан аст. Мехоҳад ақли моро мусодира кунад. Мехоҳад чашму гӯши мо кӯру кар бошад ва чизеро ҷуз «паём»-ҳои ӯ нашунавад. Меҳробу минбарро аз худ кард, он ҷо на «қола расулуллоҳ» балки бештар ибораи «ҷаноби олӣ» ва ё «пешвои миллат» ва ё «сиёсати хирадмандона» ва ғайра садо медиҳад.

Бедор шавед! Шумо куҷо рафта истодаед? Раҳнамоятон кист?

Чаро ақлро ки азизтарин офарида аст, бо ду дасти адаб ба аблаҳе пешкаш мекунед, ки дунёву охирати шуморо сӯзонда истодааст.

Барои ҷомеаи муҳофизакор азизтарин чиз ин номуси зану духтар ва хоҳараш аст. Имрӯз Раҳмон ин хатти қирмизро гузашта истодааст…

Ба дин таҷовуз кард касе парво накард ва ин уқубати илоҳист, ки касе дар ҳимоя аз ақидаи худ талош наварзад, Худованд ӯро дар дунёву охират хору залил мекунад ва душманро бар номуси ӯ мусаллат мегардонад.

Афшини Муҷтабо

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *